Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲСДТ хостори қонуни нави интихоби президент шуд


Раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) бо эълони омодагии худ ба интихоботи президентӣ мегӯяд, ба чанд омили сабаби ҷиддӣ бояд дар кишвар қонуни нави интихоботи президент қабул шавад. Раиси ҳизб Раҳматулло Зоиров гуфт: "Қабули қонуни навро қонунгузории конститутсионии Тоҷикистон талаб мекунад ва ҳизби мо лоиҳаи чунин қонунро омода кардааст, аммо ягон нафар аз вакилон, ба ҷумлаи намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумон пешниҳоди тарҳро ба зимма намегирад." Вай афзуд, як соли кори порлумон нишон дод, ки он аз истиқлоли амал бархӯрдор нест ва ба як асбоби дасти ҳукумату президент табдил ёфтааст.
Зоиров дар нишасти хабарӣ инчунин гуфт, агар аҳзоби мухолиф ҳар кадом бо номзади худ ба саҳнаи интихобот барояд ва дар пайи пешбарии як номзади ягона набошанд, бегумон дар интихобот ба манфиати ҳизби ҳоким амал карда, шикаст хоҳанд хӯрд.
XS
SM
MD
LG