Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ақаллиятҳои миллӣ дар Ӯзбакистон


Дар гузориш гуфта мешавад, мақомоти Ӯзбакистон бо идомаи одати давраи шӯравӣ шумораи бархе аз гурӯҳҳои қавмиро, ба монанди ӯзбакҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва украинҳо, ба таври сохта беш аз буда нишон дода, дигарон, аз ҷумла тоҷикон ва туркманҳоро аз будашон камтар нишон медиҳанд. Шумориши алтернативии ғайриҳукуматӣ теъдоди ин гурӯҳи аҳолиро 40-45 дарсад муайян кард, дар ҳоле ки ҳукумати Ӯзбакистон онҳоро наздик ба 20 дарсад нишон медиҳад ва тафтиши ин арқом номумкин аст, зеро ҳукумат дар 15 соли баъд аз истиқлолият саршумори фарогир ва комил анҷом намедиҳад.
Лигаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон мегӯяд, ҳатто ақаллиятҳои миллии эътирофшуда бо баста шудани сартосарии мактаб ва шӯъбаҳои донишгоҳӣ, расонаҳои миллии ахбори ом, марказҳои фарҳангӣ ва созмонҳои ғайридавлатии миллӣ рӯбарӯ буда, китобу нашрияҳо ба забонҳо дигар нобуд карда мешаванд. Таҳти таъсиси фоҷиаи зистмуҳитии Арал густариши бемориҳои саратон, астма, маргумири навзодон ва фурӯпошии иқтисодиёти минтақавӣ рӯ ба афзоиш дошта, сабаби ҳиҷрати туркманҳо, қазоқҳо ва қароқалпоқҳо ба кишварҳои ҳамҷавор мегардад. Ақаллиятҳои миллӣ аз тарафи низоми додгустарӣ низ мавриди табъиз қарор мегиранд.
Лигаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон ин гузориши худро дар ҷавоб ба ҳисоботи ҳукумати Ӯзбакистон нашр кардааст, ки ба Кумитаи маҳви табъизи нажодии СММ пешниҳод шуда, дар он мақомоти Тошканд гуфтаанд, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллиро комилан риоя мекунанд. Аммо Лига мегӯяд, ин ҳисобот бо мақсади саргум задани ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳия шуда, аз воқеъият дур аст.
Дар гузориши Лигаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон ба аксари бандҳои Сарқонуни Ӯзбакистон, ки аз номи давлат ҳуқуқи аҳолиро замонат медиҳанд, мисол ва далелҳое оварда мешаванд, ки ҳолати бараксро дар ҷомеаи Ӯзбакистон нишон медиҳанд.
Дар хулосаи гузориши худ Лигаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон тавсия додааст, ки ҳамчун қадами аввал саршумори комил ва ҳақиқии аҳолӣ гузаронида шуда, шумораи ақаллиятҳои миллӣ дақиқ гардад. Бояд барои онҳо мактабҳо боз шуда, дар донишгоҳҳо шӯъбаҳо ба забонҳои гуногун фаъол бошанд. Кӯчонидани маҷбурии аҳолӣ ҳамчун амали таъбизи нажодӣ маҳкум гардад. Ба матбуоти миллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ имконияти густардаи фаъолият дода шавад.
Ба ақидаи Лигаи байнулмилалии ҳуқуқи инсон баста шудани намояндагии созмонҳои ғайридавлатии хориҷӣ ва дафтари расонаҳои хабарии хориҷӣ ба бад шудани вазъи ақаллиятҳои миллӣ дар Ӯзбакистон сабаб мегардад.

Номаи хонанда: Раиси ҷумҳури Ӯзбакистон беҳтараш аз паёмади муносибати ноодилонааш нисбати ақаллиятҳои миллӣ, ба хусус тоҷикон огоҳ бошад. Дар ин маврид эшонро лозим аст аз таҷрибаи собиқ Югославия дарс касб кунад. Зеро таҳдиду фишор ва дар вазъи ногувор ва шароити бад нигоҳ доштани ақаллиятҳои миллӣ метавонад тамоюлеро ба бор оварад, ки бархилофи сиёсати миллии "яккатозии " Ӯзбакистон амал кунад. Барои тоҷикон, ки дар Ӯзбакистон ақаллиятро ташкил медиҳанд, хеле таҳқировар аст, ки ҳукумати Ӯзбакистон бо ошкор накардани шумораи аслии онҳо, ки воқеан аз нишондодҳои ҳукуматӣ бештар аст, бақияи онҳоро ҳамчун "мавҷуди зинда" рад мекунад. Ҳеҷ чиз мудҳиштар аз маҳрум кардани инсон аз ҳуқуқ ба ҳастӣ нест.

Наврӯз Некбахтшоев.
Питтбург, Иёлоти Муттаҳида
XS
SM
MD
LG