Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сиёҳнависи таърих


Муаррихон мегӯянд, барои омӯзиши воқеаҳои охири асри 19 ва ибтидои асри бист ҳанӯз ҳам нашрияҳои «Бухорои Шариф», «Тоҷикистони сурх», «Туркестанские ведомости» ва боз чанд нашрияи дигар метавонанд, ҳамчун сарчашмаи таърихӣ истифода шаванд. Ва аммо дар шароити имрӯз матолибе, ки дар нашриёти даврӣ ба чоп мерасад, оё барои таърихнигорони оянда сарчашма шуда метавонад? Ин суолест, ки онро аз хабарнигорон ва муаррихон мепурсам.
Мансур Сайфиддинов, сардабири нашрия «Минбари халқ» мегӯяд, дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар муҳимтарин ахбори дохилу хориҷи мамлакат нашр мегардад ва ин матолиб метавонад барои омӯзиши таърих дар оянда ба хубӣ мусоидат намояд: «Шояд дар алоҳидагӣ ин ё он нашрия имконияти пурра инъикос намудани равандҳо ва рӯйдодҳои ҷомеаро надошта бошад, вале дар маҷмӯъ онҳо воқеан ҳам ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаро ба ҳар ҳол, ба таври комил инъикос месозанд. Бо гузашти вақт, маводе, ки имрӯз дар нашрияҳои Тоҷикистон интишор меёбад, ҳатман барои таърихнигорону муҳаққиқон ва сиёсатмадорон барои андеша ва хулосабарорӣ маводи бисёр хубе медиҳанд.»
Аммо Фотеҳ Абдулло, хабарнигори нашрия «Ҷумҳурият» ба ин назар аст, ки на ҳама матолиби дар нашрияҳо чопшаванда метавонистааст, бар истилоҳ «сиёҳнависи таърих» бошад: «Мутааcсифона, гоҳе дар рӯзномаҳо матолибе ба назар мерасанд, ки асос ва пояи воқеӣ надоранд. Рақамҳову оморе дар он мехонем, ки аз воқеият хеле дур аст. Матолибе, ки дар баъзе аз рӯзномаҳо мехонем, наметавонанд, ба унвони як санади таърихӣ бошанд. Вақте ки муаррихон бо ин рӯзномаҳо ба унвони як санади таърихӣ нигоҳ мекунанд, аз ин рӯзномаҳо дурӣ меҷӯянд. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба унвони як рӯзномаи расмии давлатӣ метавонад, ҳамчун як ҳуҷҷати таърих барои оянда хизмат кунад.»
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдумудассир Аҳмадзода, муҳаррири масъули нашрия «Тоҷикистон» матолиби имрӯзи нашрияҳои тоҷик то андозае таърихи имрӯзро барои ояндагон иникос менамояд, вале дар бештари мавридҳо ин матолиб на ҳамеша воқеъбинона интишор мешаванд: «Бештар нуктаи назари мусбат, яъне он равандҳои мусбате, ки гӯё ба назари ҳамон рӯзноманигор намудааст, иникос меёбад. Аммо вақте тадқиқ мекунед, ин ҳолат ками андар кам рух медиҳад ва баъзан ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳақиқати ҳол таҳриф мешавад. Яъне рӯзноманигор ба як ҳиссиёти таърифангез дода шуда, он ноҷуриҳое, ки дида мешавад, намегӯяд. Фарз кардем, дар бораи он чизе, ки муҳоҷирони меҳнатии мо аз сар мегузаронанд, нисбат ба он ҳоли зоре, ки дар айни замон деҳқонони мо доранд... »
Дар ҳамин ҳол Сайфулло Муллоҷонов, номзади илмҳои таърих мегӯяд, барои омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва таҳқиқу тадриси он, истиқлолият ба даст овардани кишвар ягона падидае буд, ки шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Аммо муҳаққиқону донишҷӯёни риштаи таърих дар шароити имрӯз наметавонанд ба пуррагӣ аз сарчашмаҳои таърих истифода кунанд: «Шояд метавон гуфтан, ки тақрибан понздаҳ ва ё бист дар сади донишҷӯён имрӯз тавонанд бо сарчашмаҳо сару кор дошта бошанд, ки ин ниҳоят кам аст. Фикр мекунам, тавассути матбуот ва садову симо бояд дастовардҳои таърих, саҳифаҳои рангин ва нангини он бештар пахш гардад, яъне таблиғ шавад то таърих рисолати аслии худашро иҷро кунад. Яъне таърихро омӯзанд на ба хотири ифтихор, на ба хотири даъвоҳои марзию қавмӣ, балки ба хотири ибрат гирифтан ҳам аз саҳифаҳои бошарафона ва ҳам аз саҳифаҳои сиёҳи он.»
Акнун ба толори матбуоти Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ меравам. Сулаймон Азизов, донишҷӯи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дар ин толор вақте аз як рӯзнома сарчашмаеро меҷӯст, бинобар набудани саҳифаҳои он, матлаби лозимаро пайдо намекард:
«Мақолае, ки ҳоло барои ман даркор аст, ана ҳамон варақаш нест. Касе ҳамон саҳифаро бурида гирифтаст.»
Ва аммо хонандаи дигар, ки худро Ғайрат Тухтасунов муаррифӣ намуд, бар он назар аст, ки матолиби имрӯзаи нашриёти Тоҷикистон, бар истилоҳ, сиёҳнависи таърих буда наметавонад ва инъикоси воқеаҳои муҳим барои ояндагон то андозае норӯшан мемонад:
«Он газетаҳое, ки бисёртар маводҳоро худашон бофта мебароранд, ба монанди «Оила», «Чархи гардун» ва дигарон, танҳо аз рӯи фикру андешаи худи ҳамон журналистон мақола чоп мекунанд ва маводҳои он монанданд ба як афсона. Барои чуқуртар истифода намудану чуқуртар мутолиа намудан, газетаҳое, ки дар ҷумҳуриҳои дигар нашр мегардад, дар ин ҷо ёфт намешавад, ки ин барои амиқ омӯхтани таърих мусоидат намекунад.»
Ин дар ҳолест, ки Гулсум Шарифова, мудири шуъбаи матбуоти даврӣ дар китобхонаи мазкур мегӯяд, аз рӯи низом ҳамаи нашрияҳо бояд аз ҳар шумораи худ ду нусха ба ин китобхона бидиҳанд, аммо тавре мушоҳида мешавад шумори зиёди нашрияҳои даврӣ дар ин китобхона оварда нашудааст ва хонандагон, аз ҷумла муаррихон, наметавонанд, дар оянда аз матбуоти даврӣ ҳамчун сарчашма истифода кунанд:
«Ҳозир бисёртар рӯзномаҳои «Зиндагӣ», «Муҳаббат ва оила», «Наҷот», «Нерӯи сухан» ва монанди инҳоро мепурсанд, вале мо инҳоро намегирем. То соли 2004 -2005 оварда шудааст, дигар ба мо намеоранд. Ба хотири камбуди маблағ мо имкони харидани ин нашрияҳоро надорем. Аз рӯи миқдори маблағи ҷудошуда вобаста ба талабот мо хоҳиши хонандагонро иҷро менамоем.»
Ба гуфти хонум Шарифова вақтҳои охир баъзе аз хонандагон, аз ҷумла донишҷӯёни ҷавон саҳифаҳои рӯзномаву маҷалларо бурида мегиранд, ки дар натиҷа истифодабарандагон наметавонанд, дар оянда бо воқеаҳои имрӯза тавассути матбуот ошно шаванд.
XS
SM
MD
LG