Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди душвори Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз


Дар мулоқоти Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар таъин ва аломатгузории марзи байни ду кишвар тасмим гирифта шуд, ки бо ризоияти тарафҳо тарҳи хатти нави марз кашида шавад. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин аввалин қадами муҳим дар ҷодаи ҳалли мушкили марзӣ бо Қирғизистони ҳамсоя мебошад. Аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, гуфтушунид хеле душвор пеш меравад ва ҳанӯз натиҷаи назаррасе ба бор наовардааст. Тоҷикистон бо Қирғизистон 911 километр марзи муштарак дорад ва дар чанд нуқтаи он минтақаҳои баҳсталаб мавҷуданд. Ду тараф ба харитаҳои давраҳои гуногун такия мекунанд ва ин минтақаҳоро марбут ба қаламрави худ медонанд. Ахиран порлумони Қирғизистон аҳолии Тоҷикистонро дар ишғоли ғайриқонунии замин айбдор кард ва намояндагони вилояти Бодканди Қирғизистон талаб карданд, ҳайъати давлати Қирғизистон дар гуфтушунидҳои марзӣ тағйир дода шавад. Дар минтақаи бо Бодканд ҳаммарзи Исфараи Тоҷикистон дар соли 1991 низоъи марзӣ сар зада, ба думболи он шуморе аз қаламравҳои Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шуд. Дар ин гуфтушунидҳои тарафи Тоҷикистон низ бештар ба гузашт омодагӣ нишон медиҳад. Дар гузашта Тоҷикистон 100 ҳазор метри мураббаъ аз қаламрави худро ба Чин додааст.
XS
SM
MD
LG