Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Маскав муттаҳид мешаванд


Дар ҷаласае, ки дар ин робита рӯзи панҷшанбе дар Кохи миллатҳои Русия баргузор шуд, намояндагони шаш созмони иҷтимоии тоҷикистониҳо омодагии худро барои ташкили як иттиҳодияи коромад эълом доштанд ва барои таҳияи асноди ҳуқуқии иттиҳодия кумитаи тадорукот ташкил карданд. Ҳайати райисаи иттиҳодия иборат аз шаш нафар интихоб гардид. Онҳо синамогари тоҷики муқими Маскав, раиси созмони "Ҳамшаҳриҳои тоҷикистонӣ" Ҷамшед Раҳмоновро раис ва иқтисодшинос Ҳокими Муҳаббатро дабири масъули иттиҳодия интихоб карданд. Ҳокими Муҳаббат ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, раёсат талош хоҳад кард, ки дар муддати кӯтоҳ асноди заруриро таҳия намояд, то ҷанбаи қонунии фаъолияти иттиҳодияро фароҳам созад.
Ба гуфтаи Ҳокими Муҳаббат, ҳамаи шаш узви раёсат донишмандонанд ва ин омил имкон хоҳад дод, ки кори иттиҳодия ба зудӣ фаъол шавад. Ба раёсати иттиҳодия ҳамчунин адабиётшинос Хуршедаи Даврондухт, забоншиносон Боғшоҳи Лашкарбек ва Абдуқодири Ҳалавӣ, сиёсатмадор Александр Раҳмонов ва табиб Абдулло Давлатов интихоб шудаанд.
Дар ҷаласаи муассисони Иттиҳодияи созмонҳои тоҷикон ва тоҷикистониҳои Маскав намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Азиз Ниёзмуҳаммадов, ки масъулияти кор бо иттиҳодияҳои иҷтимоии тоҷикони Русияро ба ӯҳда дорад, ширкат дошт.
Азиз Ниёзмуҳаммадов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,ки дар сартосари Русия 40 созмону ҷамъияти тоҷикистониҳо фаъол аст. Ӯ афзуд:

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо ҷамъиятҳои тоҷикистонии муқими Русия равобити хуб барқарор кардааст ва ба ҳам омадани шаш созмонро дар як иттиҳодия хуш истиқбол мекунад ва ин ниҳодро оғози нек дар роҳи ҳамбастии ҳамватанон дар Русия медонад.

Дигар аз узви раёсат Александр Каримов ,ки дар чанд соли пеш вазифаи раиси консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русияро бар ӯҳда дошт, бар он аст,ки муҳимтарин самти фаъолияти иттиҳодияи тозатаъсис бояд расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бошад.
Бино ба омори вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Русия наздик ба 500 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд,ки танҳо даҳ дар сади онҳо тавонистананд барои худ шароити мувофиқи буду бош фароҳам созанд. Ин дар ҳолест,ки омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷикро ҳудудан як миллион мегӯяд. Гузашта аз ин, лозим ба ёдоварист,ки ҳарчанд муҳоҷирони тоҷик беш аз даҳ сол дар Русия ба сар мебаранд, ҳанӯз дар ин кишвар рӯзнома, маҷалла ва ё маркази фарҳангие, ки ба онҳо барои ҳифзи суннатҳои миллиашон кумак намояд, вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG