Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як қадам пеш, ду қадам ба қафо?


Маъсуми Муҳамммадраҷаб Расонаҳои мустақили вилояти Суғд чӣ мушкилот доранд?

Нахустин радиои ғайриҳукуматии Тоҷикистон - «Тироз», ки дар Хуҷанд аз рӯи мавҷи FM гуфтор пахш мекунад, ин ҳафта панҷсола шуд. Юсуф Маюсуфов - корманди радиои «Тироз» мегӯяд, дар ин муддат ин расонаи хабариву мусиқӣ аз нигоҳи техникӣ пешрафтҳое доштааст:

Ҳозир кори мо осон шудааст, зеро «Тироз» аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳаз мебошад. Пештар бисёр корҳоро дастӣ анҷом медодем. Масалан, сурудҳо аз мини диск ва барномаҳои хурд, рекламаву эълонҳо тавассути компютер садо медоданд. Акнун ҳама кор аз тариқи компютер сурат мегирад.

Дар заминаи радиои «Тироз» соле қабл дар Хуҷанд як шабакаи дигари радиоӣ таъсис ёфт, бо номи «Тироз Плус», ки мусиқиву тафреҳӣ аст ва аз субҳ то шом барнома пахш мекунад.
Аммо телевизионҳои ғайриҳукуматӣ дар вилояти Суғд нисбат ба радиоҳои мустақили маҳаллӣ таърихи тулонитар дорад. Барқарории амну субот дар солҳои навади асри гузашта дар минтақаи шимолии Тоҷикистон, дар ҳоле, ки дар манотиқи марказии ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, ба пайдоиш ва то дараҷае рушд кардани шабакаи расонаҳои мустақил мусоидат намуд. Нарзулло Дадобоев, сарвари маркази иттилоотиву таҳлилии ҳукумати Суғд дар ин бора мегӯяд :

Феълан дар Суғд 13 радиову телевизиони ғайриҳукуматӣ фаъолият дорад. Масалан, дар шаҳри Хуҷанд ду радиои ғайриҳукуматӣ ва як ҳукуматӣ ва ҳамчунин ду телевизиони мустақил - «СМ-1» ва «Осиё» дар радифи телевизиони давлатии «СуғдТВ» гуфтору намоиш пахш мекунад. Бо вуҷуди он ки баъзе мушкилот дар пешорӯи онҳо ҳаст, аммо бо дастгирии ҳукуматҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ ин расонаҳои электронӣ амал мекунад.

Радиову телевизионҳои маҳалии Суғд ҳар як барои минтақаҳои хурди худ, ҳудудан то масоҳати 60 километр гуфтору намоиш пахш мекунад. Ҳамчунин дар тӯли панҷ соли ахир бо пиёдасозии як барномаи вижаи ҳукуматӣ дар мавриди тақвияти дастгоҳҳои мавҷпароканӣ 95 дар сади сокинони вилояти Суғд ба шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ва 85 дар сади аҳолӣ ба барномаи шабакаи радиоии кишвар дастрасӣ пайдо кардаанд.
Вале дар бораи расонаҳои чопии Суғд Мавлуда Шарифова - сарвари иттиҳодияи журналистони вилоят мегӯяд, ки дар муддати беш аз понздаҳ соли ахир нашрияҳо низ дучори таҳаввулоти амиқ шудаанд:

Нашрияҳои асосии вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», «Ленинабадская правда» ва «Ленинобод ҳақиқати» ҳоло ҳам вуҷуд доранд, танҳо бо ин фарқ, ки акнун онҳо органи ҳизби коммунист не, балки нашрияҳои мақомоти иҷроияи ҳукумати давлатии Суғд шудааст. Ғайр аз ин дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят дар радифи нашрияҳои давлатӣ боз нашрияҳои ҷамъиятиву хусусии зиёде ба дасти нашр мерасад, ки шумораи онҳо аз 50 адад бештар аст.

Аммо бо сабаби мушкилоти мухталиф, бахусус камбуди молӣ бархе аз нашрияҳои чопии Суғд аз байн рафта, иддаи дигар ба моҳномаву гоҳномаҳо табдил ёфтааст. Нашрияи мустақили фарҳангии «Гулбонг» дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷумлаи чунинҳост, ки дар пайи чопи матолиби ба мақомоти маҳаллӣ нохушоянд аз
дастгирии молӣ маҳрум гашта, аз чоп бозмонд. Ҷӯра Юсуфӣ - котиби масъули ин нашрия:

Ҳафтаномаи «Гулбонг» дар бораи қаҳрамонони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918 - 1923 дар минтақаи Зарафшон, аз қабили Нусратбек, Ҳомид, ки бар зидди аскарони сурх мубориза мебурданд ва ҳамчунин аз муборизаи озодихоҳонаи онҳо матолиби зиёд ба нашр расонд. Ва ин иқдом ба табъи зимомдорони маҳаллии вақт, ки дар макотиби коммунистӣ тарбият дидаанд, хуш наёмад ва аз маблағгузорӣ ба нашрия даст кашиданд

Вале Абдумаин Ҷӯраев - сарвари телевизиони шаҳри Панҷакент дар радифи камбуди молӣ муносибат бо мақомоти маҳалро низ як душвории асосии расонаҳои Суғд меҳисобад:

Душвории аввал - иқтисодист. Аз ҳисоби фаъолияти мунтазам надоштани ташкилоту муассисаҳо мо аз онҳо маблағҳоямонро гирифта наметавонем. Дуюм, идораи ҳукуматҳои маҳаллӣ агар муассисаҳои хурд, мисли телевизиони моро, агар ҳурмат накунанд ҳам, бояд эътироф кунанд. Мақомот бо мо як муносибати кории хуб барқарор кунанд, ки мо низ кори худро пеш бурда тавонем.

Ба гуфтаи коршиносони маҳалии Суғд дар умури матбуот, расонаҳои электрониву чопии вилоят ба хотири идомаи фаъолият, дарёфти маблағ ва пӯшонидани хароҷоти худ бештар ба нашр ва пахши суруду мусиқӣ ва матолиби тарғиботӣ рӯ оварда ва дар аксари маврид аз масоили ҷиддии сиёсиву иҷтимоии рӯз чашм мепӯшад.
XS
SM
MD
LG