Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусон аз бадрафториҳо дар зиндон шиква карданд


Маҳбусони зиндони вилояти Суғд дар як номаи саркушод аз бадрафтории кормандони маҳбас ба Раиси ҷумҳури кишвар, Додситонии кулл, Вазорати адлия, Дафтари сулҳи Созмони Миллал, намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари муқими Тоҷикистон шикоят бурданд.
Ин нома, ки зери он беш аз 50 нафар имзо гузоштаанд, аз тариқи наздикону пайвандони маҳбусон ба мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ирсол шуд.
Дафтари сулҳи Созмони Милал дар Душанбе ва намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тайид карданд, ки номаи маҳбусонро дастрас кардаанд ва онро ҳафтаи оянда баррасӣ хоҳад кард. Аммо шӯъбаи номаҳои Вазорати адлия, Додситонии кулл ва Дастгоҳи Раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ба қайд гирифтан ё нагирифтани ин нома иттилоъ надоданд.
Дар номаи саркушод зикр шудааст, бар иловаи лату кӯб ва таҳқиру дашномҳои фаҳше, ки кормандони маҳбас раво мебинанд, маҳбусон аз дарёфти маводи озуқае, ки аз тарафи пайвандон оварда мешавад, маҳруманд ва бар асари нокифоятии ғизо аксари маҳбусон ба бемории сил мубтало шудаанд.
Маҳбусон навиштаанд, ки дар моҳи ноябри соли 2005 бархе аз зиндониёни ҳамин маҳбас алайҳи бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуқашон гуруснанишинӣ карда буданд. Дар натиҷа чанд масъули зиндон аз вазифа барканор шуданд ва аммо вазъ то ҳол тағйир нахурдааст.

Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG