Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Ҳамос дар Маскав


Ҳайати ҷунбиши Ҳамоси Фаластин рӯзи ҷумъа вориди Маскав шуд ва музокиротро бо мақомоти Русия шурӯъ кард.
Раҳбари сиёсии гурӯҳи Ҳамос Холид Машъал дар фурудгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки "мо аз Маскав бо даъвати раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба манзури баррасии авзоъи Ховари наздик ва машварат бо мақомоти Русия бидуни кадом пешшарт боздид мекунем".
Раҳбари сиёсии Ҳамос афзуд, ки "мо қасди баррасии мавзӯъи эътирофи давлати Исроилро надорем, вале хостори баррасии мушкилоти заминҳои ишғолии Фаластин ҳастем". Холид Машъал таийи суханони худ Исроилро дар тӯл додани раванди танзими авзоъ дар минтақа муттаҳам кард. Вай гуфт, "ин Исроил аст, ки пиёдасозии нақшаи роҳро ба таъхир андохтааст, на мо. Мо хостори сулҳ ва идомаи гуфтушунид ҳастем".
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни боздиди дурӯза аз Маскав ҳайати ҷунбиши Ҳамос бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин намояндагони Фаластинро роҳбари аъзами калисои православии Русия Алексий ва муфтии мусулмонони Русия Равил Ғайнуддин ба ҳузур хоҳанд пазируфт.

Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG