Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нома аз маҳбас


Ин нома, ки зери он беш аз 50 нафар имзо гузоштаанд, аз тариқи наздикону пайвандони маҳбусон ба мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ирсол шуд. Падари яке аз зиндониён, ки ба хотири амнияти фарзандаш аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ҳангоми дидор бо писараш ин номаи саркушодро дастрас кардааст.

Мо ин номаро ба дастгоҳи Раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ба Додситонии кулл ва ба Вазорати адлия бурдем, фарзанди ман мегӯяд ба маҳбусҳо ҳарфҳои қабеҳ мезананд ва хурданиеро, ки мо мебарем ба онҳо намедиҳанд, ҳуқуқашонро поймол мекунанд, лату кӯб мекунанд. Мо бо бурдани нома ба идораҳои дахлдор мехоҳем, ки чора андешида шавад.

Дафтари сулҳи Созмони Милал дар Душанбе тайид кард, ки ин номаро дастрас кардааст ва шояд онро барои бозрасӣ ба ниҳодҳои марбутаи Вазорати адлия ва Додситонии кулл ирсол дорад. Дафтари матбуоти маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ тасдиқ намуд, ки бо номаи маҳбусон ошност ва аввалҳои ҳафтаи оянда онро баррасӣ хоҳад кард.
Аммо шӯъбаи номаҳои Вазорати адлия, Додситонии кулл ва Дастгоҳи Раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди ба қайд гирифтан ё нагирифтани ин нома иттилоъ надоданд.
Тавре рушан шуд, дар нома зикр шудааст, ки бар иловаи лату кӯб ва таҳқиру дашномҳои фаҳше, ки кормандони маҳбас раво мебинанд, маҳбусон аз дарёфти маводи озуқаи овардаи наздикону пайвандон маҳруманд ва бар асари нокифоятии ғизо ба бемории сил мубтало шудаанд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон шароити ногувори зиндонҳо, болоравии маризиҳо, аз ҷумла, маризии сил ва мизони маргу мири маҳбусонро пинҳон намедорад. Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахир дар робита ба ин масъала гуфт:

Дар мавриди маргу мири маҳбусон бояд бо камоли таассуф таъкид кунам, ки ин масъала ҳамчунон боқӣ мондааст ва соле, ки раёсати маҳбасҳо аз Вазорати умури дохила ба ихтиёри вазорати мо гузашт, 97 зиндонӣ ҷони худро бохта буд ва як соли баъд навадучандто даргузашт.

Дар ҳамин нишаст як корманди Вазорати адлия афзуд, ки соли гузашта 87 нафар зиндонӣ аз дунё даргузаштааст. Аксари онҳо ба бемории сил ва бемориҳои уфунӣ мубтало буданд.
Дар номаи маҳбусон ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар моҳи ноябри соли 2005 бархе аз зиндониёни ҳамин маҳбаси вилояти Суғд алайҳи бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуқашон гуруснанишинӣ карда буданд. Дар натиҷа чанд масъули зиндон аз вазифа барканор карда шуд ва аммо ин ба тағйири вазъ таъсире нагузошт.
XS
SM
MD
LG