Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Маркази минрубии Тоҷикистон


Маркази миллии минрубии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, барои нахустин бор дар фаъолиятҳои минрубии худ аз сагҳои омӯзишдидаи минаҷӯ истифода намояд. Барои ин Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҳудуди 90 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази минрубии Тоҷикистон гуфт, феълан, дар ин марказ сохтмони бинои нигаҳдорӣ ва машқгоҳи сагҳои минкоб шурӯъ ёфтааст. Ва қарор аст, ифтитоҳи машқгоҳ моҳи апрели соли равон сурат бигирад. Раиси Маркази миллии минрубии Тоҷикистон ҳамчунин ибрози умедворӣ намуд, ки ду адад мошини махсуси минруби мавриди назар то поёни соли равон ва оғози соли 2007дар ихтиёри ин марказ қарор бигирад. Ба гуфтаи раиси маркази миллии минрубии Тоҷикистон, миёни ин марказ ва ҷониби Ҷопон дар ин замина тавофуқи қаблӣ ҳосил шудааст. Маркази миллии минрубии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 29 миллион метри мураббаъ хоки ин кишвар минкоришуда боқӣ мемонад. Ин манотиқ умдатан замони ҷанги шаҳрвандӣ тавассути размандагони собиқ мухолифин ва гурӯҳҳои ҳукуматӣ мингузорӣ шуда буд.Тибқи маълумоти Маркази минрубии Тоҷикистон аз соли 1992 то кунун бар асари бархӯрд бо мин 240 нафар шаҳрванди ин кишвар маҷрӯҳ ва 238 тани дигар ҷони худро аз даст додаанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG