Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуни қалами Бозор


Мо ахиран бо устод Бозор Собир дар тамос шудем ва дар оғози сӯҳбат аз сарнавишти ин дафтари шеъраш ва нашр шудан ё нашудани он суол кардем:

Ҳанӯз дар мавриди чопи китоб ба ҳеҷ ҷое гуфтушуниду гуфтугузоре накардаам ва намедонам, ба кӣ муроҷиат кардан мумкин бошад. Вале ҳамаи он чизҳое, ки ман мехоҳам, дар сурати дастнавис омодаи чоп ҳастанд. Имсол ё шояд соли дигар чоп шаванд ва фикр мекунам, ки шеърҳои ганда ҳам нестенд. Пир шудаам дигар (механдад), чандон илҳом нест. Вале ба гумонам, шеърҳои бад нестанд. Пора-пораанд, шеърҳои мукаммал нестанд, аслан шеърҳое, ки ба дубайтиву рубоиву қитъа монанданд. Ва муҳимаш ин ки номашро нав пайдо кардам. Номаш медонӣ-чӣ? "Хуни қалам"! Хуни қалам, яъне... хайр, шеър чист, ҳамин хуни қалам аст ва, ба гумонам номаш аз китоб беҳтар аст...

Устод, душвор аст ба ин бовар кардан, ҳарчанд номи китоб, дар ҳақиқат, хело шоирона аст. Ба ҳар сурат, оё дар ин дафтари шеър, домани мавзӯъҳое, ки одатан шоирон ва, аз ҷумла, худи шумо дӯст медоред, яъне ишқ, баҳор, муҳаббат ба хоки Ватан ва дигару дигар.. оё домани мавзӯъҳо васеътар шудааст ё ҳамчунон боқӣ мондааст?

Ҳар мавриде, ки як чиз ба хотирам меомад, як чиз ба хаёлам меомад, шеър мегуфтам. Мавзӯъи мушаххасе, ки инаш дар ин мавзӯъ бошад, онаш дар он мавзӯъ, ё инаш баҳор бошад, инаш ишқ бошад, инаш сиёсӣ бошад, инаш ҳукуматӣ бошад, ин хели мавзӯъ ман надоштам.
Аксари он чизҳое, ки ахиран гуфтаам, дар шакли рубоиянд ва камтар дар шакли дубайтӣ ва чизеҳое, ки дар мавриди табиат, бештар ишқу муҳаббату ба ин монанд гуфта мешаванд. Ин шаклҳо худашон ҳаминҳоро тақозо мекунанд.


Ва гумон мекунам, ки алоқамандони шеър албатта мехоҳанд чанд пора аз ашъори нави шуморо бишнаванд...


Шеърҳои кӯтоҳак аст, ҳаминҳоро бароят мехонам:

Боғи падар

Эй боғи падар, ман аз раги токи туам,
Бо ҳар раги хеш ҳамраги поки туам
Ҳар шира, ки ман макидаам, шири ту буд,
Аз синаи хушаҳои ангури ту буд.


Сари баланд

Зоғи сиёҳ бар сари ман ошёна дошт,
Зоғи сиёҳ рафту калоғе бар он нишаст.
Во ҳасрато, ки ин сари сахти баланди ман,
Ҷуз боби ошёнаи зоғон набудааст.


Шеър чист?

Дандони ба ҳам фушурдааст шеър,
Ду мушти гиреҳхурдааст шеър.
Чун қираи шишаи шикаста,
Чун шаттаи гови мурдааст шеър!


Борони уреб

Ин қадар путк мезанад тундар,
Тақ-тақаш карда гӯши мардум кар.
Симҳои уреби боронро,
Ба замин рост карда оҳангар.


Обгина

Ҳар қадам дар диёри ғурбати ман,
На фақат соқу сина метобад,
Об ҳам дар гулӯи занҳояш,
Ҳамчу дар обина метобад.


Барои Муҳиддин Олимпур

Ҳазорон акси ноби хушгилат буд,
Ки бориктар хаёле аз қилат буд.
Ту сурат гуфта сират мегирифтӣ,
Дилат дар чашму чашмат дар дилат буд.


Барои Ҳаёт Неъмат, шоири самарқандӣ

Чуби бағалаш ҳамқадамаш ҳаст, бас аст,
Торе ҳама ҷо ҳамаламаш ҳаст, бас аст.
Ҳар шоир агар Ҳаёти Неъмат бошад,
Бо чуби бағал ҳам рақамаш дастрас аст.
XS
SM
MD
LG