Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Ҳамос дар Маскав


Имруз дар Маскав намояндагони гуруҳи тундрави Ҳамос бо мақомоти расмии Руссия мулоқот мекунанд. Сарпарастии ҳайати Ҳамосро дар ин мулоқотҳо Холид Машъал-раҳбарии сиёсии Ҳамос бар уҳда дорад. Қабл аз вуруд ба Маскав вай изҳор дошт, ки Ҳамос Исроилро ба расмият намешиносад ва дар мулоқотҳои Маскав ин масъала баррасӣ намешавад. Вай афзуд, ишғоли сарзаминҳои Фаластин аз тарафи Исроил монеъаи аслӣ дар роҳи таъмини сулҳи Ховари Миёна мебошад. Ҳамос дар интихоботи моҳи январи Фаластин пирузӣ ба даст овард ва қарор аст ҳоло дар Фаластин давлат таъйин кунад.
XS
SM
MD
LG