Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Шумо дар ин сомона


Салом ба кормандони радиои "Озодӣ"!!!
Албатта, дароз ва ё кӯтоҳ будани маводро мантиқ ва моҳияти ҳодиса талаб мекунад, аммо аз баъзе сафсаттаҳо ҳазар кардан ба манфиати кор аст. Чизи дигар ин, ки радиои "Озодӣ" дар қаламрави забони порсӣ (Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон) кӯшиши наздик кардани забони гуфтугӯро дорад, ки ба фикри ин ҷониб беҳтарин хидмат аст. Вале мутаассифона, ин корро сомонаи шумо наметавонад, ки анҷом диҳад ва маълум аст, ки барои чӣ?
Иршод Сулаймонӣ ш. Душанбе
-------------------------------------
Дуруд...
Вебсайти хеле хубе доред, ман Сосон ҳастам аз Эрон. Ман алифбои сириллик баладам, шумо алифбои паҳлавӣ баладед? То кунун сайтҳои эрониро дидаед?
Ин тугмае ки гузоштед, навишатед "ИРСОЛ"... ин вожаи арабист, чаро наменависед "Фиристодан" ё "Бифрист"? Ва ҳамчунин он боло навиштед "Олами варзиш"...Чаро наменависед "Ҷаҳони варзиш"?

Hello
You have a very good web site, I'm Sassan from Iran, I know Cyrillic alphabet, can you read Pahlavi alphabet? Have you ever visited some Iranian web sites?
----------------------------------------
Саломалейкум.
Шахсан ман доимо аз сайти интернетии Озодӣ аз аҳволи халқи азизамон ва ватани меҳрубонамон бохабар мешавам. Барои мо, тоҷиконе ки дур аз ватан рӯз мегузаронем бисёр ҳам хуб шуд, ки шумо моро доимо аз аҳволи ватан бохабар мекунед.
Мурод Холиқов
---------------------------------------
Салом, кормандони радиои Озодӣ.
Оиди дароз ва ё кӯтоҳ будани матолиб ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар чӣ бошад, бошад. Барои мо, ғарибони дур аз Ватан ҳама чиз ҷолиб аст. Ман, масалан, ҳамаи маводҳоро пурра мехонам (ва гӯш мекунам). Масалан посухҳои академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва ё мусоҳиба бо шоири миллат Бозор Собир, агар 1000 саҳифаро ташкил медод ҳам, ман онро бо ҷону дил мехондам. Оиди ахбор бошад, муҳимаш ба фикри ман ҳамин аст, ки саривақтианд. Албатта, баъзан маводхои хом ҳам ба назар мерасанд, вале ин дарди бахайр аст. Дар охир, аз фурсат истифода бурда, ҳамаи бонувони радиои Озодӣ ва тамоми бонувони ҷумҳуриро бо иди занон 8 март табрик ва муборакбод менамоям.
Муваффақ бошед.
Бо эҳтиром, шунавандаи доимии Шумо
Махмадраҳим.
----------------------------------------
Ҳунари хубиҳоро хуб ва бадиҳоро бад ҷилва додан нақши арзандае дар пешбурди ҷомеа мебошад. Бинобар ин ҳарчи дар матлаб бузургнамоӣ ё камбинӣ камтар ҷой дошта, ивази ин ҳақиқатнигорӣ бошад ва ё бо баррасиву пажӯҳиши бештар матлаб нигошта гардад, корсозтар хоҳад буд.
Нуктаи муҳим: Барои он ки шоҳкоре сурат бигирад дар бораи чигунагии матлаб роҳи ҳалли таҷрибашуда ин аст, ки ононе ки ин матлабро менигоранд, ҳар чи қадар аз равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ огаҳӣ дошта бошанд, коротар аст, чун пизишке ки дар ташхиси беморӣ маҳорати хуб дорад, метавонад, давои корсозеро пешниҳод кунад. Пас ба шахсоне ниёзмандем, ки умқу маҳорати хубе барои дарки ҷомеа дошта бошанд. Афсӯс ин гуна шахсони парваришёфта хеле нодиранд ва ранҷовартар аз ҳама дар пайи парвариши ин гуна шахсон ҳам нестем. Барои шумо низ пешниҳод ин аст, ки ҳарчи бештар бо равоншиносон ва ҷомеашиносон ҳамкорӣ дошта бошед, коротар хоҳед буд.
Азиз
---------------------------------------
Салом, кормандони радиои Озодӣ.
Қабл аз ҳар чизи дигар аз шумо ташаккур мекунам ба хотири заҳматҳоятон дар ин бахш. Сипас аз шумо хоҳиш дорам, ки матолиби сиёсии худро муфассалтар ташреҳ кунед.
Бо камоли ташаккур аз шумо
Бадриддин Ҳалимов
----------------------------------------
Шахсан ба ман матолиби кӯтоҳ ва қавӣ, ки ҳама чиз дар ҷои худ бошад маъқул аст. Хуб аст ки калимаҳои нофаҳмо камтар бошанд ва ё тамоман набошанд. Аммо ба як дӯсти ман дар сомонаи шумо матолиби каме батафсил маъқул аст, масъала пурра ошкор гардад. Ба ман боз ин маъқул нест, ки аломати "ъ"-ро дар калимаи иттилоот гузоштаед. Ҳар як забон ба кӯтоҳбаёнӣ майл мекунад, на ба мукшилгардонӣ.
Мухлиси сомонаи шумо
Ашӯр Назарзода
---------------------------------------
Ин сомонаи интернетӣ бо ҳама буду набуди худ ба ман писанд аст. Бовар кунед, агар ин сомона намебуд, ман намедонам ахбор ва таҳлили беҳтарини тоҷикиро аз куҷо дастрас мекардем. Гуё ин сомонаи интернетӣ симои Тоҷикистон ва мардуми он ҳам ҳаст. Ёдрас мешавам, ки ҳамаи матбуъоти тоҷикизабони Тоҷикистон ҳамаи сафҳаҳои иттилоъотии худро аз ҳисоби иттилоъоти сомонаи интернетии www.ozodi. tj пур мекунанд. Дар маҷмӯъ сомонаи интернетии "Озодӣ" гузориш ва матолиби дарозу дилгиркунанда надорад. Дар шароити кунунӣ сомонаи интернетӣ наметавонад ё матолиби дароз дошта бошад ё матолиби кӯтоҳ. Агар сомона хонданӣ шавад, ҳам матолиби кӯтоҳу камсухан дошта бошад ва ҳам матолиби дарозу муфассал, зеро ба баъзеҳо танҳо хабари кутоҳ ва ба баъзеҳои дигар таҳлилҳои ҳамаҷониба писанд меояд.
Каюмарс
XS
SM
MD
LG