Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи гумонбарони фоҷиаи "Чорбоғ" ба додгоҳ интиқол ёфт


Парвандаи гумонбарони ҳалокати атфоли маълул бар асари оташсӯзӣ дар парваришгоҳи "Чорбоғ" ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ интиқол ёфт. Додситони шаҳри Душанбе Ҳабибулло Воҳидов ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки дар робита ба ин фоҷиа алайҳи нӯҳ нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Се нафари онҳо - раиси парваришгоҳ Саъдулло Ятимов, мудири хоҷагӣ Илҳом Ашуров ва корманди ширкати "Юнистрой" Баҳодур Саидов аз сӯи мақомоти ҳифзи тартибот боздошт шудаанд. Шаш нафари дигар - мураббиён Ганҷина Вистоқадамова ва Зарнигор Ҷамшедова, корманди хадамоти оташнишонӣ Суннатулло Мирзоев, масъули бахши барқ Миралӣ Қувваталиев, муҳофизи парваришгоҳ Ислом Мирзоев ва корманди вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Довар Маҳмадиев асноди бидуни иҷоза аз пойтахт берун нарафтанро имзо кардаанд.
Додситони шаҳри Душанбе афзудааст, ки раиси парваришгоҳ аз рӯи 6 моддаи кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла, фориғболӣ,сӯиистифода аз мансаб, бемасъулиятӣ ва дуздии маблағҳои кумаки хориҷӣ гумонбар дониста шудааст.
Рӯзи баргузории мурофиаи додгоҳӣ тайи ду ҳафтаи оянда рӯшан хоҳад шуд.
Ёдовар мешаваем, шаби 8 январи соли равон бар асари оташсӯзӣ дар парваришгоҳи "Чорбоғ" 13 тифли маълул ба ҳалокат расида,ду нафари дигар то ҳанӯз таҳти назари табибон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG