Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои барчиниши минаҳо 12 миллион доллар зарур аст


Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон мегӯяд, барои барчидани минаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Узбакистон барои 5 соли оянда 12 миллион доллар зарур аст. Раиси ин марказ, Ҷонмуҳаммад Раҷабов, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, на танҳо мушкили молӣ, балки ноомодагии мақомоти Узбакистон ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон садди роҳи поккории манотиқи марзӣ аз минаҳои марговар шудааст. Ба гуфтаи вай, ҳукуматҳои Бритониё ва Олмон ваъда доданд, ки барои иҷрои ин барнома то охири сол якуним миллион доллар кӯмак хоҳанд кард, вале ба сурати умум иҷрои барномае, ки барои панҷ соли оянда тарҳрезӣ шудааст, 12 миллион доллар харҷро тақозо мекунад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳукумати Узбакистон пешниҳод кардааст, ки барои поккории марз аз минаҳо гурӯҳҳои муштарак таъсис диҳанд, вале Тошканд ба ин пешниҳод вокунише нишон надодааст.
Дар минаҳое, ки ҳарбиёни Узбакистон аз соли 2000 дар марз гузоштаанд, то кунун наздик ба 70 нафар кушта ва даҳҳо тан маъюб шудаанд. Узбакистон ба зарардидагон ҳеч гуна товонпулие напардохтааст.
XS
SM
MD
LG