Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афсари собиқ ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд


Додгоҳи низомии Тоҷикистон собиқ афсари горди президент, корманди пешини Вазорати умури дохилӣ ва мудири корхонаи чинивории Турсунзода, Собир Мамадҷоновро, ки бо лақаби Собир Седой маълум будааст, барои даст доштан дар куштори 10 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Масъули дафтари матбуоти додгоҳ ба радиои Озодӣ гуфт, Маҳмадҷонов бо шурӯъи фаъолияти милисагӣ дар ҳамин ноҳия аз вазифаи худ истифода намуда, даст ба ғорату куштор задааст. Дар муҳокимаи додгоҳ тасбит шудааст, ки Мамадҷонов ҳамроҳи зердастонаш ба хонаи Амонов, сокини ноҳияи Турсунзода ворид шуда, ӯро маҷбур кардааст, бо мошини тамғаи Камаз 6 нафарро ба ҷои зарурӣ барад. Дар роҳ. дар ҳудуди колхози ба номи Мирзоеви ноҳияи Турсунзода вай мошинро боздошта, сарнишинони он -- Яъқубов, Ҳайдаров, Амонов, Эркаев ва боз ду тани дигарро тирборон кардааст. Ба дунболи ин бо як дастури Мамадҷонов ба унвони фармондеҳи як гурӯҳи хурди горди раёсати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Шаҳринав, шаш зердасти ӯ ба манзили сокини ҳамин ноҳия оғои Давлатёров шабохун зада ӯ ва фарзандашро ба қатл расонда, дороияшро бо худ бурдаанд. Мамадҷонов дар давраи мудири корхонаи зарфҳои чинии Турсунзода буданаш даст ғорати амволи давлатӣ задааст. Бо шурӯъи парвандаи ҷиноӣ дар соли 2003 Мамадҷонов ба Русия фирор кард, аммо як сол баъд аз ҷониби мақомоти интизомии Маскав боздошт ва ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шуд.
Мирзонабии Холиқзод, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG