Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти номзади мухолифони Беларус


Хадамоти амнияти Беларус Александр Казулинро, ки номзади мухолифон дар интихоботи президентии 19-уми март аст, дар ҳоле боздошт карданд, ки мехост ба конфаронси таҳти раёсати президент Лукашенко ворид шавад. Сухангӯи Казулин мегӯяд, вай ҳоло дар ситоди полис аст ва аз латукӯби сахт маҷрӯҳ шудааст. Ҳамчунин мақомоти давлат ба номзади асосии мухолифон дар ин интихобот -- Александр Милинкевич ҳушдор додаанд, ки дар остонаи интихобот даст ба тазоҳурот назанад. Полис як чунин намоиши осоиштаи оппозисюнро имрӯз бо истифода аз зӯр пароканда кард. Кумитаи амнияти давлатии Беларус (КГБ) сарони оппозисюни сиёсиро айбдор кард, ки мехоҳанд, маъракаи интихоботро ба намоишҳои оммавии эътирозӣ табдил диҳанд. Ин кумита гуфтааст, оппозисюн нақша дорад, бо эълони натиҷаҳои интихобот даст ба табаддулоти давлатӣ занад.
Президенти Беларус Александр Лукашенко, ки бо тағйир додани қонуни асосӣ мехоҳад, даври сеюми раёсатро ба даст орад, таҳдид кард, ки давлат ба кӯшишҳои ташаннуҷи вазъ посухи дандоншикан хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG