Пайвандҳои дастрасӣ

"Роғун обро ғун мекунад?"


Нуралӣ Давлат, нависандаи ин матлаб ба таърихи ҳамкории русҳо бо кишварҳо дар сохтмони нирӯгоҳҳо ва аҳдофи сармоягузории ин кишвар пардохта ва навиштааст, ки гуфтугузор дар атрофи ин иншооти бузург бештар ба сурати бозӣ амалӣ мешавад ва русҳо на ҳамеша дар иҷрои ваъдаи худ вафодор мондаанд. Агар, навиштааст ӯ, Русия сохтмони нирӯгоҳи Бушерро дар Ирон ба таъхир намеандохт, имрзз қазияи ҳастаии Ирон вуҷуд намедошт.

Ва бозиҳо дар атрофи Роғун низ ҳамон бозиеро ба ёд меорад, ки дар нимаи асри гузашта дар атрофи нирӯгоҳи барқи обии Асвони Миср сурат гирифта буд. Таҳри ин нирӯгоҳ низ мисли Роғун, як милллиарду 200 миллион долларро ташкил медод. Ин маблағро Ҷамол Абдул Носир, раиси ҷумҳури вақти Миср аз Амрико тақозо кард, вале бо баҳонаҳои зиёд, додани ин маблағ тӯл кашид. Аз ҷумла, як шарти додани ин сармоя ин буд, ки Миср мебоист, танҳо силоҳҳои амрикоиро харидорӣ мекард. Ва Бонки ҷаҳонӣ ҳаққи назорат бар иқтисоди Мисрро пайдо мекард. Ва дар охирин гуфтушунидҳо, доктор Даллес, вазири хориҷаи Амрико ба Ҳусейн, вазири хориҷаи Миср гуфт, ки Миср сохтмони нирӯгоҳро бояд бо Судон мувофақа кунад, зеро саргаҳи Нил аз он ҷо меояд.

Бо ин гуна қиёсҳо таҳлилгар ба ин хулоса мерасад, ки айни шарте, ки Русия акнун дар назди Тоҷикистон барои сохтмони Роғун гузоштааст, ки бояд тарҳи он бо Узбакистон мувофиқа шавад. Вале менависад, он вақт доктор Ҳусейн ғайри интизори Амрико гуфта буд, ки дар кисаи чапаш пешниҳоди Шӯравиро дорад. Ва Шӯравӣ дар воқеъ бидуни мувофақа бо Судон нирӯгоҳи Асвонро бо арзиши як миллиарду 200 миллион долларро бунёд кард.

Ҳадафи Кремл густариши нуфуз дар минтақа аст ва ваъдаи сармоягузорӣ дар Роғун бештар ваъда аст, то тасмим ва Маскав бо ин роҳ аз вуруди сармоя ва ворид шудани кишварҳои дигар ба бозори энержии минтақа ва Тоҷикистон мехоҳад ҷилавгирӣ кунад. Русия чун дид, ки таваҷҷўҳ ба ин нирӯгоҳ афзуд, изҳори омодагӣ кард, ки онро месозад.

Ин таҳлилгар дар идомаи матлабаш навиштааст, ки имрӯз Русал дар Тоҷикистон нақшеро ба ўхда гирифтааст, ки ЮНОКАЛ дар Афғонистон ва Туркманистон дар масъалаи сохтмони хати лӯлаи газ дошт. Аммо Толибон, ки мутаассиб ва асримиёнагӣ номида мешаванд, дар ахзи ин қарордод манофеъи миллии Афғонистонро аз ҳар чиз болотар гузоштанд. Мо, ки худро ориёии соҳибтамаддун эълон кардаем, бояд аз Толибони биёбонӣ сабақ бигирем. Дар баровардани манофеъи кишварӣ бояд фарқе надошта бошад, ки ҳамкори мо кист, амрикоӣ ва ё папуас.

Барои он ки Роғун ниёзҳои моро бароварда кунад ва манфиатовар бошад, бояд баландии сарбанди он 335 метр сохта шавад, он гуна ки дар тарҳи он пешбинӣ шудааст. Аммо кам кардани иртифои ин сарбанд, ба манофеъи миллии Тоҷикистон созгор нест ва ниёзҳои моро бароварда нахохад кард. Чизе, ки аз назари мардум пинҳон дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG