Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хоҳони иҷрои Созишномаи муҳоҷирати корӣ ба Русия аст


Вазири кор ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Тоҷикистон Зокир Вазиров дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт, иҷрои созишномаи танзимии муҳоҷирати корӣ байни Русияву Тоҷикистон шурӯъ шуда, шеваҳои ин иҷро мавриди баррасиянд.
Вай гуфт, акнун Тоҷикистон бо чандин вилояти барои қабули муҳоҷирон қарордод имзо кардааст.
Нишасти матбуотӣ дар Маскав бо сарпарастии Созмони байналмиллалии кор таҳти унвони «Мавсими нави муҳоҷирати корӣ мавсими тағйирот хоҳад буд ё не?» баргузор гардид. Дар он намояндагони ниҳодҳои марбутаи Русия ва Тоҷикистону Қирғизистон ширкат доштанд. Раиси Созмони байналмилалии кор Кари Тапиола дар хитоб бо мақомоти Русия гуфт, дар замони ҷаҳонишавии бошиддати иқтисод афзоиши муҳоҷират амри ногузир аст ва барои ҳалли мусбати он аз нигоҳи башардӯстӣ кор бояд гирифт.
Ба шумориши расмӣ дар Русия 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунад, вале танҳо 10 дар сади онҳо дар шароити қонунӣ зиндагӣ доранд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG