Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Архив шуморо фаромӯш нахоҳад кард


Бойгониҳо мисли ҳама муассисаҳои нигахдории осори таърихӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон бар асоси қонуне, ки дар соли 1978 дар Шӯравии пешин қабул шуда буд, фаъолият мекунад. Аммо бойгонии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар рӯзи таҳияи ин гузориш танҳо бойгоние буд, ки дари боз дошт. Расм ин шудааст, ки бойгониҳо акнун ҳафтае танҳо як маротиба дари худро боз мекунанд. Аз ин ҷост, ки Худоёр Мастонов, масъули бойгонии Фарҳангистони улум, ки мудири шӯъбаи маҷмаъабандӣ ва бойгонии ниёгони Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон низ ҳаст, мегӯяд, бойгониҳои Тоҷикистон вуҷуд доранд, аммо фаъолият намекунанд. Масалан, барои бойгонии Фарҳангистони улум ва бисёре аз муассисаҳо воҳиди корӣ муаян нашудааст ва яке аз мутахассисони шӯъбаи умумӣ ин масъулиятро бар дӯш мегирад. Ва Мастонов бо шарҳи ин вазъият мегӯяд акнун хулоса кунед, ки бойгониҳо чӣ вазъ медошта бошанд. Мастонов ин масъулиятро ду моҳ аст, ки бар дӯш гирифтааст ва мегӯяд, ки ҳатто дафтари сабти вуруди аснод вуҷуд надорад ва касе намедонад, ки ин ҷо чӣ асноде ҳаст.
Ба бойгониҳо асноди ҳаводиси солҳои ахир танҳо он қисмате пешниҳод мешавад, ки дар ихтиёри муасиссаҳои давлатӣ қарор дошта бошад. Вале тибқи маъмул бисёре аз рӯйдодҳои ахир ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоб ва ташаккулҳои сиёсӣ марбут аст ва ин созмонҳо ба бойгониҳои расмӣ ин аснодро пешниҳод накардаанд. Аз асноди рӯёрӯиҳои сиёсӣ ва низомӣ дар бойгониҳои расмӣ танҳо метавон бархе ҳуҷҷатҳои Кумисюни оштии миллиро пайдо кард, ки як ниҳоди нимадавлатӣ буд. Дар сурате, ки наҳваи мушаххаси ирсоли аснод ба бойгониҳо вуҷуд надорад ба гуфтаи коршиносони ин амал бояд тавассути таблиғ сурат бигирад. Аммо Музаффар Азизов, сардори раёсати ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд ба манзури танзими кори муассисаҳои ин соҳа як қонун таҳия ва ба порлумон ироа шудааст. Ин қонун пешбинӣ мекунад, ки тамоми бойгонӣ ва осорхонаҳо таҳти як раёсати мустақил фаъолият кунанд. Ба гуфтаи Азизов ин қонун дар сурати қабул шудан низ дастикам 7-8 сол замон мебарад то амалӣ шавад. Ва то он он вақт мушкилот ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Танҳо умед ба рӯнамо шудани як таҳаввули умумӣ ба нафъи фарҳанги миллӣ дар кишвар аст.
Аммо дар Мачлиси намояндагон мегӯянд, ин тарҳ шояд то поёни соли равон мавриди баррасӣ қарор бигирад. То он замон ба гуфтаи масъулони бойгониҳо шояд бо кӯмаки шӯъбаҳои архившиносӣ ё бойгонии ниёгони донишгоҳҳо асноди мавҷуд дар бойгониҳо ба шеваи нав бастабандӣ шавад. Коре, ки дар бисёр бойгониҳо сурат нагирифтааст. Аммо то ҳол ягон бойгонии расмӣ чӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ба василаи компютер ва фанновариҳои нави ададӣ муҷаҳҳаз нашудааст. Дар ин миён шояд бойгониҳои идораҳои амниятӣ ва истихборотӣ истисно бошад.
XS
SM
MD
LG