Пайвандҳои дастрасӣ

Дар хушунатҳои Ироқ камаш 30 нафари дигар ба ҳалокат расидааст


Дар хушунатҳои нав дар Ироқ дастикам 30 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд ва мардум ҳукуматро таҳти танқид гирифтааст.
Полис мегӯяд, бар асари таркиши се бомба дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Бағдод 26 шаҳрванди осоишта кушта шудааст. 4 нафари дигар баъд аз фурӯ афтодани як мушак ба манзили зисташон ҷон доданд. Дар ин рӯйдодҳо наздик ба 20 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.
Як рӯз пеш, 28-уми феврал бар асари хушунатҳои шиъа ва суннӣ дар Ироқ 60 нафар кушта шудааст. Намояндагони ҳам шиъа ва сунниҳои Ироқ ҳукуматро танқид мекунанд, ки натавонистааст, ваъзиятро зери назорат гирад ва амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд. Абдусалом Ал-Кубайшӣ, сухангӯи Анҷумани уламои ислом (созмони тавонони сунниҳо) ширкати сунниҳоро дар тахриби амокини муқаддас рад кард ва гуфт, сарони суннӣ кӯшиш доранд, аз густариши хушунатҳои байнимазҳабӣ ҷилавгирӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG