Пайвандҳои дастрасӣ

Руҷӯи Юнеско ба ёдгориҳои Тоҷикистон


Тибқи созишномаи миёни Тоҷикистон ва Юнеско ( Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони милали муттаҳид) даҳҳо ёдгории таърихии Тоҷикистон на танҳо мавриди омӯзиши амиқ қарор мегиранд, балки тармим ва бозсозӣ мешаванд. Намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Музаффар Азизов мегӯяд, агар ин мадади созмони байнулмилалӣ намебуд, чунин ганҷҳое монанди Тахти Сангин тадриҷан аз байн мерафт. Ҳоло барномаи бозсохти ин ёдгорӣ ва ҳамчунин қасри Ҳулбук, мақбараи Хоҷа Машҳад, мақбараи Хоҷа Нур, мақбараи Шоҳи хомӯш ва Оим ба марҳилаи иҷро ворид шудаанд. Кӯшиш ин аст, ки мавзеъҳои мазкур ба макони зиёрати ҷаҳонгардон табдил дода шаванд.

Барои шунидани ин бахши барнома рамзи радиоро дар охири сарлавҳа "ангушт" занед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG