Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нақшаҳои азим ва тавони маҳдуди Тоҷикистон


шореҳи меҳмон Дар марҳилаи кунунӣ муҳимтарин ҳадафи сиёсати иқтисодии Тоҷикистон иборат аз боло бурдани сатҳи тавлидоту даромади мардум ва аз байн бурдани фақру бекорӣ мебошад. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо лозим аст, ки сармоягузориҳои бузург сурат гирад, корхонаҳои зиёд дар ҳамаи бахшҳо, ба вижа дар бахши тавлидоти моддӣ сохта шаванд. Ҳамчунон мебояд, ки сифати «сармояи инсонӣ», яъне сатҳи донишу тахассуси мардуми кишвар ҷиддан боло бурда шавад. Бинобар ин, сармоягузорҳои зиёд дар соҳаи маориф низ лозим аст.

Аммо иҷрои ин корҳои муҳим дар шароити мавҷуда басо мушкил аст, зеро имконоти молии кишвар хеле маҳдуд аст. Ҳукумат тавони онро надорад, ки хароҷоти худро аз хисоби буҷа ба маротиб афзоиш диҳад ва харҷи сохтмони корхонаҳои зиёдро ба ӯҳда гирад. Бахши хусусӣ низ хеле заиф аст ва багумон аст, ки дар солҳои наздик даст ба барномаҳои бузург занад. Албатта, соҳибкорон метавонанд, дар сохтани корхонаҳои хурду миёна дар шаҳрҳою деҳоти кишвар саҳми фаъол дошта бошанд. Вале дар ин роҳ чанд монеа вуҷуд дорад. Яке ин ки таъсису сабти ном кардани корхонаҳо ва фаъолияти онҳоро сахт мушкил сохтааст. Ин кор саргардониҳои зиёд дорад ва аксаран бидуни ришва додану «ҳомӣ» ёфтан ҳал намешавад.
Дигар ин, ки дар бисёр маворид гурӮҳҳои инҳисорталаб бозорҳоро байни худ тақсим кардаанд ва, ба гуфтаи бисёриҳо, «онҳо намегузоранд, ки каси дигаре ба бозор ворид шавад». Ҳатто дар сурати пушти сар кардани ин монеаҳо кор осон намешавад, зеро даҳҳо нозиру муфаттиш аз органҳои мухталиф пайиҳам меоянд ва то ҳақ наситонанд, ором намегузоранд».
Савум ин, ки алорағми изҳороти зиёди ҳукумат дар бораи зарурати рушди корхонаҳои хурду миёна, соҳибкорон аз ҷониби давлат амалан пуштибонӣ намешаванд. Баракс, девонсолорию фасоди ҳукуматдорон соҳибкоронро дилсард месозад.
Ин худ далели он аст, ки қонунҳои марбута ҳам ноқисанд ва ҳам риоят намешаванд. Дар кишвар қонун не, балки «зӯр» ҳоким аст. Бинобар ин, лозим аст, ки заминаҳои ҳуқуқии таъсису фаъолияти корхонаҳои тавлидӣ ҷиддан ислоҳу такмил шавад ва ҳукумат аз мудохилаи беҷо даст кашида, озодию мустақилияти онҳоро амалан таъмин намояд. Ин боиси беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ ва ташвиқи соҳибкорони дохилию хориҷӣ мегардад ва ҳамзамон механизми бозорро фаъол месозад.
Ҳукумат, бинобар маҳдуд будани имконот ва камасар будани сиёсати молӣ, умеди худро ба ҷалби сармояи хориҷӣ бастааст. Аммо дар ин росто низ нукоти мубҳам зиёд аст. Гирифтани қарзаҳо аз манобеъи хориҷӣ матлуб нест, зеро дар ҳоли ҳозир қарзи берунаи Тоҷикистон хеле бештар аз буҷаи кишвар аст ва зиёдтар намудани он хатар дорад. Гузашта аз ин, муассисоти байналмиллалӣ ва кишварҳои хориҷӣ мумкин аст дар ин шароит ба додани вом розӣ нашаванд ва ё таҳти шароити сангин қарза диҳанд. Ин ба нафъи Тоҷикистон нест. Роҳи дигар, яъне ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ беҳтар ба назар мерасад. Вале мушкил ин аст, ки фазои сармоягузорӣ дар кишвар чандон мусоид нест.
Бинобар ин, масъалаи мусоид сохтани фазои сармоягузорӣ дар кишвар имрӯз яке аз муҳимтарин масъалаҳост. Ҳамзамон мебояд, ки шеваи коргузорӣ ва муносибати ҳукумат бо бахши хусусӣ дигаргун шавад. Беҳтар он аст, ки як барномаи муфассали рушди иқтисоди кишвар бо ширкати намояндагони бахши хусусӣ тарҳрезӣ гардад ва ҳукумати кишвар сиёсатҳои молию пули худро ба манзури таҳаққуқи ҳадафҳои он барнома тадвин ва амалӣ намояд.
XS
SM
MD
LG