Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи сентябр ва дар Сингапур


Мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии шаҳри Душанбе оид ба чавгонбозӣ миёни дастаҳои мардона бо пирӯзии тими собиқадорони пойтахти Тоҷикистон хотима ёфт. Дастаи собиқадорон дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд, бар тими мактаби махсуси захираҳои олимпии рақами 5 бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард.

Ва ҳоло ба таваҷҷӯҳи мухлисони футбол. Мусобиқоти минтақавӣ барои дарёфти ҷоизаи Рустам Долтабоев, яке аз поягузорони футболи тоҷик ба анҷом расид. Мирзо Муҳаммадҷонов, ноиби раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар давраи ниҳоии мусобиқот, ки рӯзи панҷшанбеи 2 март дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и шаҳри Душанбе оғоз мешавад, се дастаи шаҳри Душанбе - СКА «Помир», «Хима» ва CSKA, се дастаи вилояти Хатлон - «Вахш» ва "Телеком" аз Қӯрғонтеппа ва «Равшан»-и Кӯлоб, тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ду гурӯҳ рақобат хоҳанд кард. Вале, афзуд Мирзо Муҳаммадҷонов, ду дастаи беҳтарини мусобиқаи минтақаи Суғд - «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ширкат дар давраи ниҳоӣ даст кашиданд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки Конфедератсиони футболи Осиё таърихи нави баргузории мусобиқоти қаҳрамонии қорраро миёни дастаҳои наврасони то 17-сола эълон кард. Мусобиқот аз 3 то 17 сентябр дар Сингапур доир мешавад. Бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 11 сентябр, бозиҳои нимниҳоӣ 14 сентябр, бозӣ барои ҷойи севвум ва бозии ниҳоӣ 17 сентябр барпо хоҳанд шуд. Дар давраи ниҳоии мусобиқот 16 дастаи мунтахаби наврасони кишварҳои қорра - Сингапур, Ироқ, Яман, Арабистони Саудӣ, Непал, Бангладеш, Тоҷикистон, Эрон, Лаос, Мянма, Вйетнам, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Чин ва Куриёи Шимолӣ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG