Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари эълоннашудаи Буш ба Кобул


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш, ки қарор буд, боздидҳояшро аз кишварҳои Осиё аз Ҳиндустон сар кунад, бо як сафари эълоннашуда вориди Афғонистон гашт. То нишасти ҳавопаймои Буш дар фурудгоҳи Баграм аз нақшаи чунин сафар ба Афғонистон хабар дода нашуд. Сафари президенти Амрико дар Афғонистон 5 соат идома карда, дар ҷараёни он Буш бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот ва гуфтушунид хоҳад кард. Ин сафар нишонаи пуштибонии Буш аз ҳукумати Кобул дар баробари ҳамлаҳои рӯзафзуни Ал Қойида ва Толибон шумурда шудааст.
XS
SM
MD
LG