Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи Доҳа дар таҳкими марзҳои Афғонистон


Афғонистон бо Эрон, Покистон ва Чин созишномаеро имзо кард, ки иҷрои он амниятро дар марзҳои Афғонистон бо ин мамолик таҳким хоҳад дод. Том Коунигз, раиси Намояндагии Созмони милали муттаҳид (СММ) дар кӯмак ба Афғонистон гуфт, ин санадро аз як тараф Афғонистон ва аз тарафи дигар се кишвар дар Доҳаи Қатар ба имзо расонданд. Тибқи он кишварҳо дидбонии марзро бо мақомоти Афғонистон ҳамоҳанг мекунанд ва ваъда додаанд, ки аз вуруди ошӯбгарон ба Афғонистону қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон пешгирӣ мекунанд.
Дар нишасти Доҳа намояндагони 22 кишвар ширкат доштанд ва бархе аз онҳо ваъда доданд, ки сармоягузории ин барномаро бар дӯш хоҳанд гирифт.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон низ яке аз гузаргоҳҳои ҷиддии қочоқбарони маводи мухаддир аст, аммо бо вуҷуди ширкати намояндаи Тоҷикистон дар ин нишаст, Тоҷикистон ҷузви ин барнома шумурда нашуд. Бо вуҷуди ин СММ гуфт, дар оянда чунин созишнома миёни Тоҷикистону Туркманистон аз як тараф ва Афғонистон аз тарафи дигар ба имзо хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG