Пайвандҳои дастрасӣ

Медали нуқра дар Ҷоми олии ҷаҳонӣ


Паҳлавони 24-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило ҳарифонашро мағлуб карда, ба қувваозмоии ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар зӯрозмоӣ барои дарёфти медали тилло аз рақиби худ Бриан ван Дийки ҳолландӣ аз рӯи холҳо бо натиҷаи 0 бар 2 мағлуб гашта, мақоми дуввумро касб кард. Дар рақобатҳо дар ин вазн Ҳенри Шуман аз Ҳолланд ва Киёси Уэматсу аз Испания муваффақ ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шуданд. Дар вазнҳои дигар Татсауки Эгуса (Ҷопон, -60 кг), Йорданес Аренсибиа ( Куба, -66 кг), Флавио Канто (Бразилия, -81), Роберто Мелони (Италия, -90 кг), Ю Кванг Сун (Куриёи Ҷанубӣ, -100 кг), Ясуюки Мунэта (Ҷопон, беш аз 100 кг) ғолиб омада, медали тиллои мусобиқотро ба даст оварданд. Мусобиқоти севвум ва охирини дараҷаи «Ҷоми олии ҷаҳон» дар соли 2006 рӯзҳои 8 ва 9 апрел дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд.

Як хабари дигар барои ҳаводорони гуштӣ ин аст, ки мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ дар Душанбе бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Истаравшани вилояти Суғд хотима ёфт. Аъзои ин даста -- Баҳруллоҳ Отамуродов, Носир Обидов, Исматуллоҳ Неъматов, Абдулвоҳид Назаров ва Тӯйчӣ Муродов дар рақобатҳои ниҳоӣ дар вазни худ ғолиб омада, бо медали тилло сарфароз шуданд. Дастаи мизбон - мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ мақоми дуввумро ишғол кард. Ду нафар шогирди ин мактаб - Фаррух Беков ва Шодӣ Баҳромов дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни худ соҳиби мақоми аввал гаштанд. Дастаи шаҳри Хуҷанд дар мақоми севвум қарор гирифт.

Ва як хабар барои дӯстдорони шоҳмот. Елена Нуриддинова, донишҷӯ аз шаҳри Хуҷанд қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон миёни занон дар соли 2006 гардид. Вай дар 9 бозӣ ҳашт имтиёз ба даст овард. Шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе -- Шаҳноза Умарова мақоми дуввум ва Надежда Антонова мақоми севвумро ишғол карданд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар миёни мардон, ки дар толори мактаби шоҳмоти Душанбе ҷараён дорад, қабл аз ду даври охирин гроссмейстери байналмилалӣ Фаррух Амонатов бо 13 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG