Пайвандҳои дастрасӣ

Телефонҳои Душанбе ҳафтрақама шуд


Субҳи якуми март шабакаи телефонии шаҳрии Душанбе ба низоми нави ҳафтрақамаи телефонӣ гузашт ва ҳамакнун, ба аввали шумораҳои телефонҳои шаҳрӣ дар пойтахти Тоҷикистон рақами 2 изофа гардид. Барои мисол, агар шумораи телефони шаҳрии дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе 24 08 77 буд, аз ин ба баъд, бо чидани рақами 2 24 08 77 тамос бо мо имконпазир мегардад. Вазорати алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, изофаи як рақами дигар ба шумораи телефонҳои Душанбе ба танзими рақамҳои телефонии шаҳрӣ, тадриҷи фанновариҳои муосир ва зиёд шудани теъдоди муштариёни шабакаи телефонии шаҳрӣ рабт дорад. Марина Пак, масъули Вазорати алоқа ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, гузаштан ба низоми ҳафтрақама ба густариши шабакаи телефонии шаҳрӣ мусоидат карда ва имкон медиҳад, теъдоди бештари муштариён ба телефони шаҳрӣ васл бишаванд. Бино бар иттилоъи Вазорати алоқа, дар ҳоли ҳозир, шабакаи телефонии шаҳри Душанбе ҳудуди 120.000 муштарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG