Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ номзади худро хоҳад дошт


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумхурӣ дар пойизи соли равон номзади худро ширкат диҳад. Ҳикматулло Сайфуллозода-сухангуи ҲНИТ бо эълони ин хабар гуфт, Шурои Сиёсии ҲНИТ ҳамчунин баронмаи ширкати ҳизб дар интихоботро низ тасдиқ кардааст. Қаблан Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-раиси ҲНИТ зимини мусоҳиба бо матбуоти миллӣ эътилофи ҳизбаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо ҳизби ҳоким ва ҳатто пуштибонии ҲНИТ аз номзади Ҳиби Халқӣ-Демократиро мумкин дониста буд. Акнун Шурои Сиёсии ҲНИТ қарор кардааст, ки ҳизб танҳо бо номзади худ ба интихобот меравад. Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, ҲНИТ ҳамчунин дар мавриди барномаи ширкат дар интихобот, бо аҳзоби дигар музокира хоҳад кард. Вай аз ҷумла гуфт, масъалаи зарурати ислоҳи Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо аҳзоб матраҳ мешавад ва дар сурати таъйиди ин зарурат намояндаи ҲНИТ дар порлумон метавонад, ин тарҳро барои барасии Маҷлис пешниҳод кунад. Интихоботи раёсати ҷумхурии Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешавад.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG