Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Угандаи оганда аз ранг


Коргардони барнома -- Салими Аюбзод Оё нафаси таърихро ҳис мекунем? (Бахши 1)

ИНТИХОБОТИ УГАНДА

Ибораи "инқилобҳои ранга", ҳарчанд дар қаламрави шӯравии пешин зуҳур кардааст, эҳтимол дорад, ки акнун дар Африқо низ муд шавад. Оппозисюни Уганда, талаб дорад, ки раванди интихоботи президентӣ ва шумориши ройҳо таҳқиқ шуда, ҳақиқат барқарор гардад. Президенти феълӣ ва ғолиби интихобот Йовери Мусавонӣ мегӯяд, оппозисюн бозиро бохт ва бояд ба тақдир тан диҳад. Кишварҳои ҳамсоя, махсусан Африқои Ҷанубӣ, ки барои Уганда монанди Русия барои Тоҷикистон аст, аз оппозисюн талаб кард, субот ва оромиро дар кишвар ҳифз намояд.

20 СОЛИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Порлумони Уганда аз рӯи муҳаббате ки ба Йовери Мусавонӣ дорад, соли гузашта қонуни асосии кишварро иваз кард, то ӯ битавонад, боз як дафъа дар интихобот ширкат кунад. Далели асосии вакилони порлумон ин буд, ки Мусавонӣ ба кишвар хидмати бузург кардаву ягона сарвари арзанда мебошад ва набояд қонуни асосӣ ӯро аз идомаи фаъолият маҳрум кунад. Мусавонӣ дар соли 1986, он вақт як фармондеҳи ниманизомиёни маҳаллӣ, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ҳокимиятро ба даст гирифт, бо гурӯҳҳои рақиб сулҳ кард ва батадриҷ кишварро аз коми ҷанг берун кашид. Дар соли 1991 ӯро ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешниҳод карданд, вале номзадияш нагузашт. Ба ғайр аз сулҳ, дар 20 соли гузашта Угондо таҳти раҳбарии Мусавонӣ ба пешрафтҳои муҳиме даст ёфт, ба монанди рушди иқтисодӣ, коҳиши фақр, мубориза бо СПИД ва ғайра. Аммо дар ин ҳама фурсат вай ва атрофиёнаш ба ягон чеҳраи дигар роҳ надоданд, ки иддаъои раҳбарӣ кунад. Чанде аз афроди арзанда зиндонӣ шуда, дигарон аз тарси ҷон ба хориҷа паноҳ бурданд. Аммо Мусавонӣ ислоҳотро дар кишвар идома дод ва интихоботи рӯзи 24-уми феврал аввалин интихоботи бисёрҳизбӣ буд.

РАҚИБИ АСОСӢ

Рақиби Мусавонӣ дар интихобот Китса Бесигӣ собиқ пизишки хонаводагии Мусавонист, ки ду сол пеш аз маҳфили президент худро канор кашид ва ба танқиди ӯву аҳли хонавода ва афтрофиёни президент пардохт. Вай Ҳизби рушди демократии Угандаро таъсис дод ва дар байни як сол садҳо ҳазор тарафдор пайдо кард. Соли гузашта додситонии Уганда Бесигиро дар хиёнат ва таҷовуз ба номус айбдор ва маҳкум ба ҳабс кард. Кишварҳои донор, ки дар оғоз Мусавониро падари сулҳи Уганда меномиданд, дилсард шуда, миллионҳо доллари кӯмакро қатъ карданд ва ҳукумат маҷбур гашт, Бесигиро раҳо кунад.
Ҳамаи ин эътибори Бесигиро дар ростои интихоботи ахири президентӣ ба маротиб баланд кард. Кумисюни интихоботӣ мегӯяд, Бесигӣ 37 дарсад овоз гирифта, Мусавонӣ бо 59 дарсад пирӯз шудааст, аммо Бесигӣ ва тарафдорони ӯ мегӯянд, дар асл ҳеҷ яке аз номзадҳо аз 50 дарсад бештар рой нагирифтааст.

ФИРОРИ МАҲБУСОН

Вақте пирӯзии президенти феълӣ Йовери Мусавонӣ эълон шуд, тарафдорони ӯ ба кӯчаҳо рехтанд ва бо рақсу суруд изҳори шодмонӣ карданд. Аммо тарафдорони оппозисюн дар назди ситоди худ даст ба намоиши эътирозӣ заданд. Полис ба онҳо ҳамла кард, аммо эътирозҳо дар дигар манотиқ ба ҳар шакле идома доранд.Сухангӯи полис Ассуман Мугенуӣ ҳушдор дод, ки опозисюн дар ҳоли мусаллаҳ шудан аст ва мехоҳад, вазъи кишварро ноором кунад. Зиндонбонҳои президент низ он қадар ба шавқ пирӯзии ӯро ҷашн гирифтанд, ки аз фирори 400 зиндонии маҳбаси Аруа мехабар монданд. Бархе аз фирориён сарони оппозисюн мебошанд. Мусавонӣ аз телевизиони миллӣ ваъда дод, ки баъд аз ин 25 соли президентӣ, яъне баъд аз соли 2011, фикре надорад, ки раёсатро идома диҳад.
Аммо нозирон зери лаб гуфтанд, ҲОЛО чунин фикрро надорад...
XS
SM
MD
LG