Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон табобати пулакӣ ба таъхир афтод


Бино ба иттиллои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, барномаи давлатии табобати пулакӣ, ки қарор буд татбиқи он моҳи марти соли равон дар кишвар шурӯъ шавад, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бори дуввум ба таъхир афтодааст. Октам Бобохоҷаев- сардори раёсати хидматрасонии тиббии Вазорати беҳдоштиТоҷикисон ва ҳамзамон масъули барномаи мазбур, дар робита ба ин масъала гуфт, барои татбиқи ин барнома чанд монеъа вуҷуд дорад, ва дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои масъули давлатӣ, оид ба ҳалли ин мушкилот,гуфтушунид доранд.

"Мо бояд қаблан ин барномаро бо ниҳодҳои масъул мувофиқа мекардем. Масалан, вазорати ҳифзи иҷтимоӣ пешниҳод кардааст, чанд гурӯҳи камбизоати одамон бо табобати ройгон фаро гирифта шаванд. Мо ба вазорати молия пешниҳод кардем, ки барои ин кор маблағ ҷудо кунад. Танҳо дар сурати ҳал шудани ин мушкил, масъалаи татбиқи барномаи мазкур ба миён гузошта мешавад".

Ҷаноби Бобохоҷаев афзуд, дар сурати татбиқи барномаи давлатии табобати пулакӣ, дар сартосари Тоҷикистон чанд гурӯҳи аҳолии кишвар, аз ҷумла кӯдакони то 5 сола, занҳои ҳомила, бознишастагон, мардуми камбизоат, донишҷуён бояд аз хадамоти тиббӣ ба таври ройгон истифода кунанд. Аммо будҷаи давлат имкони пардохти чунин маблағҳоро надорад, аз ин рӯ татбиқи барномаи давлатии табобати пулакӣ, то вақти номаълум ба таъхир гузошта шудаст. Ёдовар мешавем, ки санади аслии барномаи давлатии табобати пулакӣ ҳануз дар моҳи августи соли 2005 дар Тоҷикистон амалӣ шуда дар моҳи октябри ҳамон сол, бо қарори ҳукумати кишвар, фаъолияати он боз дошта шуд. Ва ба Вазорати тандурустӣ ва ниҳодҳои дигари беҳдоштии кишвар супориш дода шуда буд, то дар барномаи мазкур таҷдиди назар сурат бигирад ва он ба талаботи замон мутобиқ карда шавад.

Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG