Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мехоҳад дар Душанбе тавлиди Coca-Cola-ро ба роҳ монад


Туркия қасд дорад, дар шаҳри Душанбе як корхонаи махсуси тавлиди нӯшобаи Coca-Cola бунёд намояд. Ин тасмим дар нишасти ҳайъатҳои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия 28 феврал дар Душанбе эълон шуд. Муаммер Аккая, раҳбари ҳайати соҳибкорони Туркия гуфт, тасмими бунёди корхонаи Coca-Cola дар Тоҷикистон ҷиддист ва сохтмони он пас аз таъйиди мақомоти Тоҷикистон бо маблағгузории тарафи Туркия дар кӯтоҳтарин мӯҳлат шурӯъ меёбад. Сармояи тарҳи мазкур баъд аз мувофиқати раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ин тарҳ муаяйн мегардад. Вале сарфи назар аз ин, афзуд Аккая барои он ҷониби Туркия на камтар аз 25-30 миллион доллар ҷудо менамояд. Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Пармексези, раиси бонки туркии «Демирбанк» дар Қирғизистон гуфт, ин бонк баъд аз таҳлили вазъи бозори бонкии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, намояндагии худро дар Тоҷикистон низ ифтитоҳ намояд. Ҳайати тиҷоратии Туркия дар сафари худ ба Тоҷикистон ҳамчунин бо мақомоти Бонки миллӣ, Вазорати даромаду пардохтҳо ва Вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон низ гуфтушунид анҷом диҳад. Туркия аз лиҳози равобити иқтисодӣ яке аз шарикони муҳими Тоҷикстон ба ҳисоб меравад. Вале бино ба омори Вазорати иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон, табодули мол миёни ду кишвар дар моҳи январи соли равон танҳо андаке беш аз 16 миллион долларро ташкил дода ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 27 % коҳидааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG