Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастгоҳҳои нав барои мубориза бо HIV


Пизишкони тоҷик аз ин ба баъд тавассути таҷҳизоти ҷадид мавсум ба СИДИ-4 метавонанд вируси HIV -ро дар хуни гумонбарони ин беморӣ муайян кунанд. Муродбоқӣ Бекназаров, масъули барномаи СММ дар умури мубориза бо СПИД дар Тоҷикистон дар як маҳфили мубоҳисавие, ки бо ибтикори дафтари рушди СММ дар Душанбе доир гашт, гуфт, то ин вақт пизишкони тоҷик тавассути ташхиси тестӣ вируси HIV-ро муайян мекарданд. Вай афзуд, ахиран бо кӯмаки молии Бунёди глобалӣ ба маблағи беш аз 60 000 доллари амрикоӣ аз хориҷа ду дастгоҳи сайёр ба Тоҷикистон оварда шуда, яке аз онҳо дар вилояти Суғд ва дуввумӣ дар Душанбе мавриди истифода, қарор дода шудааст: "Ин таҷҳизот бо номи Сиди - 4,0 ки гуфтем, барои муайян кардани он ки оё ҳамин шахс барои табобат тайёр ҳаст ё не лозим мебошад. Инро мешавад танҳо аз хуни бемор муайян кард, ки то куҷо вируси HIV дар бадани вай густариш ёфтааст ва ӯ барои табобат омода аст."

Аъзам Мирзоев, мудири маркази ҷумҳуриявии мубориза бо СПИД мегӯяд, мутаассифона густариш ёфтани ин беморӣ дар миёни мардуми кишвар, бахусус ҷавонон, нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, 70 дар сади гирифторони ин беморӣ мӯътодон мебошанд, ки феълан шумораи онҳо дар кишвар ба 45 - 50 000 расидааст: "Мутаассифона, моҳ ба моҳ теъдоди гирифторони ин беморӣ зиёд мешавад. Гарчанд ҳоло тибқи омори расмӣ, 454 нафар ба қайд гирифта шудаанд, аммо ба қарибӣ мо як қатор гирифторони дигарро низ ошкор кардем ва дар оянда ба ин омори расмӣ илова мекунем."

Дар ҳамин ҳол, Ҷумъабой Сангинов, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва муаллифи тарҳи қонуни нав оид ба пешгирӣ аз сироят ва густариши вируси HIV дар Тоҷикистон мегӯяд, бо дарназардошти вазъи ногувори пешомада дар ин самт ва тағйироти хеле ҷиддие, ки оид ба густариши вируси HIV дар кишвар ба назар мерасад, тарҳи қонуни нав,ки аз ҷониби ӯ таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба порлумони кишвар пешниҳод шуда буд, ахиран тасдиқ карда шуд. Ҷумъабой Сангинов афзуд: "Ин лоиҳаи қонун муддати 4 моҳ мавриди баррасӣ қарор дошт ва 2 ноябри ҳамин сол аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар ин қонун чандин омили муҳими ҷилавгирӣ аз ин балои аср пешбинӣ шудааст ва боварӣ дорам, ки дар коҳиш додани густариши ин беморӣ нақши муассир хоҳад дошт."

Мутобиқи омори расмии маркази ҷумҳуриявии мубориза бо HIV, дар Тоҷикистон 456 нафар мубталои вируси HIV ба қайд гирифта шудааст. То имрӯз бар асари ин беморӣ 19 нафар ҷони худро аз даст додаст. Бахши аъзами чунин беморон сокинони Душанбе ва вилоятҳои Бадахшону Суғд будаанд.
XS
SM
MD
LG