Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ҲНИТ дар мавриди таркишҳо дар масоҷиди Ироқ


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 27 феврал бо нашри як баёния тахриби масҷиди имом Аскарӣ ва имом Ҳодӣ дар Сомираи Ироқро маҳкум кард. Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи ҲНИТ баёнияи мазкурро қироат кард, ки дар он ҲНИТ инфиҷорҳо дар ин масоҷидро кори дасти душманони дини ислом унвон кардааст:
«Мо мутмаинем, ин кори дасти доираҳое мебошад, ки ҳамаҷониба мехоҳанд, ваҳдат ва якпорчагии мусалмононро натанҳо дар Ироқ, балки дар тамоми ҷаҳон барҳам зананд. Бо ин амали худ, абарқудратҳои ҷаҳон мехоҳанд, диққати ҷаҳони исломро ба самти дигар кашанд ва миёни мусалмонон тафриқа ва ихтилоф эҷод намоянд. Аз тарафи дигар ишораи баъзе расона дар мавриди даст доштани бархе доираҳои суннимазҳаби Ироқ дар ин ҷиноят, моро хеле нигарон сохтааст. Шӯрои сиёӣсии ҲНИТ мӯътақид аст, ки пайравони воқеии Ислом, сарфи назар аз суннӣ ва ё шиа будан ба чунин амали зишт даст нахоҳанд зад.»
Ҳамчунин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин баёнияи худ аз мусалмонони Ироқ даъват кардааст, ки ба дасисаҳои душманони Ислом дода нашаванд ва аз сабру таҳамммул ва муттаҳидӣ кор бигиранд. Дар баёния аз таърихи дини Ислом ёдоварӣ шуда зикр гардидааст, ки душманон дар миёни мусалмонон аз ин бузургтар дасисаҳо ангехтаанд, вале арҷгузорӣ ба арзишҳои Ислом ва ақлу заковат ҳуввияти мусалмонони ҷаҳон дар ин роҳи пуршебу фарози таърихро ҳифз кардааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG