Пайвандҳои дастрасӣ

Таронаҳои мазҳабӣ: 70 сол дар паси парда


Умари Темур, як хонандаи маъруфи таронаҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, ки мегӯяд, акнун ҳунараш қадр шудаву ӯ ба ҳайси устод дар Консерваторияи Миллӣ дар Душанбе ба кор пардохтааст ва дар мавзӯъи "Нақши ғижжак дар мусиқии суннатӣ" рисола менависад.

Фитаҳои Умари Темуру Муҳамадсаиди Аҳмад, Тағоймурод мулаққаб ба қории ёвонӣ ва дигар хонандагони таронаҳои суннатии мазҳабиро акнун метавон дар ҳар як фитафурӯшӣ пайдо кард. Чизе ки дар аҳди шӯравӣ тасаввурнопазир буд. Дар он аҳд ин тоифа ба саҳнаи расмии ҳунар аслан роҳ надошт ва дар чашми мақомот ба истилоҳ диссидент менамуд. Аммо дар он солҳо, ки давлат шиори "Дин афюни халқ аст" -ро пеша карда, ҳама ақоиди мухолиф, аз ҷумла хондани таронаҳои мазҳабиро хурофот медонист, ҳамин мардум буд, ки дар сурудаҳои худ ҳамчунон нотарсида сухан аз худову каломи худо ва аз анбиёву авлиё мегуфт.
Умари Темур: "Нафақат дар бораи мазҳабу дар бораи дин, балки дар бораи чизҳои тарбиявӣ ҳастанд инҳо. Барои мардуми ҳозиразамон як дарс аст ин. Ин ҳама аз осори клоссикии мост: Аз Фаридуддини Аттор аст, аз Шайх Саноӣ... Агар аз инҳо нахонем, пас чиро бихонем дигар?"

Муҳаммадсаиди Аҳмад, як овозхони маъруф дар водии Ҳисор мегӯяд, дар ҳифзи ин навъи хондан дар замони пурталотуми шӯравӣ нақши пирони рӯҳонии вақт хеле муассир буд ва ӯ аз аввалин машқҳои худ ва то ба ҳол ҳар таронаи навашро ҳатман аз назари донишмандони Ислом мегузаронад. Муҳаммадсаиди Аҳмад зимнан аз замони шӯравӣ ёд мекунад ва мегӯяд, барои хондани чунин таронаҳо аз сӯи мақомдорони давр на як бору ду бор зарба хӯрдааст: "Ба тӯю хурсандии мардум рафтанро манъ карда буданд борҳо. Ба идораҳояшон ҷеғ зада, суханҳои пасту баланд ҳам мегуфтанд, ки ҳамин корҳоро накун. Мо "хуб" мегуфтему боз мерафтем кори худро мекардем. Хеле пурсусуроғ мекарданд, ки: "Кистиву аз кӣ гирифтӣ ин таронаҳоро ва барои чӣ? Барои чӣ инро мехонӣ? Ин ба мардум зарар дорад, майнаи мардумро заҳролуд мекунӣ. " Баёнот менавиштем. Фишор меоварданд, хеле-хеле фишор меоварданд. Корхонаҳое, ки кор мекардем, ба онҳо фишор меоварданд. Дар шӯъбаҳои фарҳангиву идораҳои расмии ҳунарӣ моро аслан ба кор қабул намекарданд."

Аммо ҳукми ислом дар мавриди хондани суруд чист? Абдулбасир Саидов, имоми масҷиди Шоҳмансур мегӯяд, Ислом хондани сурудро билкулл манъ намекунад, илло агар мардумро ба фасоду фаҳшо ташвиқ кунад. Эшони Абдулбасир мегӯяд, дар Ислом хондану панду андарз ва достони анбиёву авлиё манъ нест ва масалан паёмбари Ислом дар як ҳадис доира задан дар рӯзи никоҳу хурсандӣ ва бар асоси ривоёт, дар ҷойи дигар, таронахониро ҳатто дар манзили худ раво донистаанд: "Ба ривояти модарамон ҳазрати Оиша (р) баён мешавад, ки рӯзе ду духтарак дар хонаи паёмбар дар рӯзи Ид сурудхонӣ мекарданд. Ва падарам ҳазрати Абӯбакр даромад ва онҳоро заҷру сарзаниш намуд, ки оё дар хонаи Расулуллоҳ чунин мекунед? Расули акрам (с) ба ҳазрати Абӯбакр хитоб намудаанд, ки онҳоро чизе нагӯ, то ин ки кори худро давом бидиҳанд. Ё ин ки Расули акрам (с) онҳоро аз ҳамон сурудхонӣ манъ накард."


Умари Темур, устоди консерваторияи миллии Т мегӯяд, тарзи хондани таронаҳои мазҳабӣ дар манотиқи ин кишвар тақрибан ҳамгун аст. Ҳамгун аз лиҳози интихоби матн, вале бо андаке фарқ дар тарзи корбасти мусиқӣ ва сабки иҷро: "Дар мо инро наът мегӯянд - наъти Султон Ҷамҷама, наъти сӯзани ҳамсоя, ё қиссаи дев, қиссаҳои бузурге, ки ҳар кадомаш аз 10 то 400 мисраъро дар бар мегиранд. Қасидаву ғазал ҳам ҳаст, боз марсия ҳаст, ки одатан дар сӯгвори бузургворон иҷро мешавад, мисол, вафотномаи ҳазрати Муҳаммад (с) ҳаст."

Амрияздони Алимардон, донишманди тоҷик ва корманди пажуҳишгоҳи ховаршиносӣ аммо аз анвоъи хонданҳои мазҳабӣ дар Дарвозу Бадахшон мегӯяд: "Масалан, дар Дарвоз ҳангоми нола кардани маййит занҳое ҳастанд, ки таронаҳои ҳазин медонанд ва онҳо ин таронаҳоро бо оҳанг, вале бидуни мусиқӣ дар мотамхонаҳо иҷро мекунанд. Ба ғайр аз ин ҳайдарихонӣ ҳаст. Ҳайдарӣ аз чӣ иборат буд? Шеърҳои мадҳиявӣ дар ҳаққи Расули Худо, дар ҳаққи Алии Муртазо, дар ҳаққи фарзандони ҳазрати Алӣ, дар ҳаққии Бибифотима ва амсоли инҳо."

Амрияздони Алимардон мегӯяд, анъанаи истифодаи мусиқӣ дар рӯзҳои мотам дар Дарвоз тақрибан аз байн рафта, аммо дар Бадахшон ба гунаи мадҳияхонӣ ҳифз шудааст, ки худи мардуми Бадахшон мадо номаш мебаранд.

Ба назари донишмандон, тарзи хондани таронаҳои мазҳабӣ дар кишварҳои Исломӣ дар ин чанд солу қарн тағйири чандоне накардааст ва ҳамоно ҳамон созу овози клоссикист. Дар Аврупо дар чаҳорчӯби мусиқии муосир рехтани хонданҳои қадими мазҳабӣ ҳодисаи нав нест ва ҳатто бархе калисоҳо ба хотири тарғибу ташвиқи пайравони худ аз хидмати гурӯҳҳои ҳунарии масалан рок ҳам парҳез намекунанд. Аммо тавре дида мешавад, суруди мазҳабӣ батадриҷ дар саҳнаи эстрадаи тоҷик низ барои худ роҳ мекушояд.Як чунин таронаи Парвина Шукруллоева масалан соли гузашта вокуниши манфии маҳофили исломиро ба бор овард, вале эътирозот бештар на ба сабки хондани Парвинава ончи ки ӯ месуруд, балки ба тарзи либоспӯшии ба таври баралоина аврупоии ӯ ба ҳангоми иҷрои ин тарона буд. Ҳамин тавр, таронаҳои мазҳабиро метавон акнун ҳам дар маҷмӯъаи таронаҳои Далери Назар ("Нури Худо") пайдо карду ҳам дар албоми сурудаҳои Зикри Оллоҳ("Зӯри Худо").

Бо ин вуҷуд, Умари Темур мегӯяд, таронаи мазҳабӣ чизе ҳамагонӣ ё худ поп нест, балки шунавандаи хоси худро дорад: "Аудиторияи худро дорад. ҳаро кас гӯш карда наметавонад ин гуна сурудҳоро. Аз ҷавонон ҳам касони хоҳишманди шунидани ин сурудҳо ҳаст, вале хеле кам аст. Чунки мардуми мо тайёр нест ба ин."

Аммо Муҳаммадсаиди Аҳмад, ки мегӯяд, давлати шӯравӣ бо он ҳама қудрате ки дошт ва талоше ки ба харҷ дод, натавонист онҳоро аз гуфтани каломи Ҳақ ва халқро аз шуниданаш манъ кунад: "Охири охир, бо меҳрубонии Худои мутаол, идеологияи шӯравӣ аз байн рафт, идеологияи ғазалҳову ҳамду ситоиши мо бар ҷо монд."
XS
SM
MD
LG