Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақибони Тоҷикистон кӣ хоҳад буд?


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни ҳафт тими зӯртарини қорра ҷой гирифт, бидуни бозиҳои интихобӣ барои ширкат дар давраи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2006 роҳ ёфтааст.

Дар ин мусобиқот, ки аз 21 то 28 май дар маҷмаъаҳои варзишии «Юнусобод» ва «Чирчиқ»-и Тошканд барпо мешавад, бидуни бозиҳои интихобӣ боз 12 тими футзали кишварҳои қорра --- Эрон (қаҳрамони Осиё), Ҷопон, Қирғизистон, Узбакистон, Тайланд, Кувайт, Чин, Фаластин, Ироқ, Индонезия, Тайван ва Лубнон ширкат меварзанд.

Ва се дастаи дигари ширкаткунандаи давраи ниҳоии мусобиқот дар бозиҳои интихобии гурӯҳӣ муайян хоҳад шуд. Ба минтақаи ҷанубу шарқӣ тимҳои мунтахаби Малдиви, Малайзия, Камбоҷа, Вйетнам ва Туркманистон дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Малайзия доир мешавад, вале таърихи баргузории мусобиқа баъдтар маълум хоҳад шуд. Дар минтақаи шарқӣ тимҳои Макао, Ҳонконг, Куриёи Шимолӣ, Куриёи Ҷанубӣ ва Австралия рақобат хоҳанд кард. Бозиҳои ин минтақа аз 11 то 13 апрели соли равон дар Макао барпо мешавад. Ду дастаи ғолиби ҳарду минтақа ва беҳтарин даста миёни тимҳои мақоми дувумро ишғолкарда барои ширкат дар давраи ниҳоии чемпионати Осиё роҳхат мегиранд.

Ва як хабари дигар барои мухлисони футбол ин аст, ки нахустин даври мусобиқоти минтақавӣ бо ширкати дастаҳои гурӯҳи шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор шуд. Дастаи «Динамо» ТадАЗ-и Турсунзода бозиро дар майдони худ бо тими «Баракат»-и ноҳияи Шаҳринав бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод. Дастаи «Барқ»-и шаҳри Норак бар тими меҳмон - «Варзоб»-и ноҳияи Варзоб бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз шуд. Тими «Ҳисор»-и ноҳияи Ҳисор дар майдони худ бар дастаи «Ориён»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо натаҷаи 6 бар 0 ғалаба кард. Ин мусобиқот то 25 март идома меёбад ва ду дастаи беҳтарин барои ширкат дар мусобиқоти лигаи аввал, ки моҳи май шурӯъ мешавад, роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG