Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шаҳрвандони тоҷик дар ошӯби маҳбусони Пули Чархӣ


Тибқи хабарҳо, дар ошӯби маҳбусони Пули Чархии Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ширкат доранд. Кумитаи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ин хабарро тасдиқ кард. Зиёда аз ҳазор маҳбус дар зиндони Пули Чархии наздикии шаҳри Кобул исён кардаву ҳоло миёни онҳо ва намояндагони давлати Афғонистон гуфтушунид идома дорад. Ба тасдиқи дастикам ду манбаъ, гуфта мешавад, ки дар миёни ошӯбгарон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд ва намояндаи Кумитаи мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз чаҳор нафари кушташуда яке шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Аммо мақомоти расмӣ ин иттилоъро рад ё тасдиқ накардаанд.

Садҳо нафар маъмурони пулис ва нирӯҳои амниятии Афғонистон бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш давру бари зиндони Пули Чархиро дар атрофи Кобул муҳосира кардаанд. Маҳбусоне, ки бовар меравад ба гурӯҳи Толибон марбут бошанд, бо талаби шароити хубтар ва мурооти қонун аҳли як сохтмони ин маҳбасро, ки дар он беш аз 1 000 маҳбус ба сар мебарад, ба ошӯб бархезондаанд.

Музокирот бо ошӯбгарони зиндони Пули Чархӣ рӯзи якшанбе, 26 феврал оғоз ёфт, вале то ҳол дар бораи кадом пешрафте дар ин музокирот гузориш нашудааст. Нодир Нодирӣ, як маъмури ҳуқуқи башари Афғонистон, ки дар ин музокирот ширкат доштааст, мегӯяд, ошӯбгарон аз маҳбас раҳо кардани худро талаб гузошта, иддао кардаанд, ки чанд нафарро гаравгон гирифтаанд. Оқои Нодирӣ гуфт, яке аз раҳбарони ошӯбгарон Темуршоҳ ном дошта, раҳбари гурӯҳе буда, ки ба гаравгонгирии як корманди имдодии итолиёӣ дар соли гузашта муттаҳам мешавад. Ду раҳбари дигари ошӯбгарон фармондеҳони Толибон мавсум ба Мулло Муҷаддид ва Мулло Шаҳидзай будаанд.
XS
SM
MD
LG