Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мактаби журналисти ҷавон


Абдумалик Қодиров - масъули бахши фарҳанг ва ёвар дар умури рушди демократияи Сафорати ИМА дар Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ифтитоҳи мактаби рӯзноманигори ҷавон дар мантақаҳо рӯи кор овардани истеъдодҳои ҷавон ва рафъи халои иттилоъотӣ дар мавзеъҳои дурдаст будааст:

«Мо дар Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунем, он лоиҳотеро дастгирӣ кунем, ки барои рушди ВАУ ва умуман журналистика кӯмак мерасонанд. Ва ин буд, ки соли гузашта мо лоиҳаи «Мактаби рӯзноманигори ҷавон»-ро дастгирӣ кардем ва имрӯз мо хурсандем, ки ин лоиҳа бо як маҳорати олӣ ва дар сатҳи баланд амалӣ гардид ва нахустин журналистони ҷавон дар минтақа соҳиби шаҳодатнома шуданд»

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - садри «Мактаби рӯзноманигори ҷавон» меафзояд, «Дарсҳои тахассусии мактаби мазбур дар риштаи «асосҳои журналисткика» ва «ҳуқуқи журналист» шурӯъ аз моҳи августи соли 2005 то феврали 2006 - шаш моҳ идома доштанд. Ва дар мавриде, ки дар Донишгоҳи Кӯлоб бахши журналистика фаъол нест, донишҷӯён барои нахустин бор имкон доштанд, ки дар риштаи рӯзноманигорӣ аз журналистҳои касбӣ сабақ гиранд. Ин дар мавридест, ки масъулини мактаб тасмим доранд, дарсҳоро дар ин мактаб идома диҳанд.»

Нахустин хатмкардаҳои «Мактаби рӯзноманигори ҷавон» дар бастагӣ ба мавзӯъ мегӯянд: «Дар Донишгоҳи Кӯлоб мутассифона то ҳанӯз факултаи журналистика нест ва ин мактаб ягона мадрасае буд, барои мо, ки тавассути он мо бо жанрҳои журналистика ва ҳуқуқҳои журналист ошно шудем»

Бар тибқи иттилоъи ҷаноби Фаррухшоев аз 30 тан аз хатмкардаҳои давраи бозомӯзии нимсолаи «Мактаби рӯзноманигори ҷавон» 18 нафари онҳо ҷавондухтаронанд. Аз ин теъдод ҳамакнун 6 нафар дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ ҷои кори доимӣ ёфтаанд.

Комиссияи рушди демократия аз соли 1999 дар назди сафорати ИМА дар Тоҷикистон фаъолият дорад ва дар ин муддат беш аз 58 лоиҳаро дар самти рушди ВАУ маблағгузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG