Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи тарҳи ҷадиди тадқиқоти тиббӣ дар Тоҷикистон


Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солими Тоҷикистон, тарҳи як нақшаи ҷадиди амалро барои солҳои 2006 - 2009 таҳия ва барои баррасӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст. Шамсиддин Қурбонов, раиси маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим дар робита ба ин мавзӯъ ба радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорчӯби ин нақша, доир кардани як тадқиқоти густарда дар саросари Тоҷикистон дар робита ба мӯайян кардани рақами воқеии маргу мири занону кӯдакон ва вазъи густариши бемориҳои сироятӣ ва ирсӣ дар миёни аҳолӣ дар назар аст. Ҷаноби Шамсиддинов гуфт, ин барнома аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ маблағгузорӣ мешавад. Бино ба гуфтаи ӯ, бо иллати он ки ҳанӯз дар Тоҷикистон омори расмие, ки бозгӯи воқеъии вазъи маргу мири занону кӯдакон ва сатҳи густариши амрози гузаранда бошад, вуҷуд надорад, созмонҳои байнулмилал наметавонанд, ба таври лозима барномаи давлатии ислоҳоти соҳаи беҳдошти кишварро маблағгузорӣ намоянд.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG