Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри исми қурбониёни фоҷеаи Басманная


Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия исми 66 нафари кушташударо бар асари фурӯрезии боми бозори Басманнаяи Маскав, ки миёни онҳо чаҳор зан ва ду навраси сенздаҳсолаи тоҷик низ ҳастанд, нашр кард. Ҳасан ва Ҳусейн Ёдгоровҳо, Шарафутдинова (исмаш оварда нашудааст), Исамова Зӯҳро Овчиевна, Мансурова Малика Атоҷонова ва Маматқулова Манзура Йигиталиевна - шаш тоҷикистоние, ки дар фоҷеаи рӯзи бисту саввуми феврали Маскав ҷони худро аз даст додаанд. Бино бар гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи якшанбе ҷасади ду шаҳрванди кушташуда ба Тоҷикистон фиристода шуда ва қарор аст, дар рӯзҳои аввали ҳафтаи равон аҷсоди боқимонда низ ба ватан фиристода бишавад. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар шифохонаҳои Маскав шаш шаҳрванди осебдидаи Тоҷикистон табобат мешаванд. Дар ин фалокат, 11 тоҷикистонӣ ҷароҳат бардошта буд, ки 5 нафари онҳо аз шифохона мураххас шудаанд.
XS
SM
MD
LG