Пайвандҳои дастрасӣ

Фалокат дар бозори Маскав ҳаёти шаш тоҷикро ҳам аз байн бурд


Мансабдорони вазорати вазъиятҳои фавқулоддаи Русия мегӯянд, ки шумораи қурбониҳои фурӯрезии боми бозори Басманнии шаҳри Маскав 66 нафарро ташкил медиҳад.
Дар зери барфи зиёд 23 феврал боми бозори ёдшуда фурӯ рехт. Рӯзи 24 феврал идораи додситонии пойтахти Русия раиси бозорро бо иттиҳоми беэътиноӣ ба вазифа боздошт намуд.
Аксари қурбониҳои фалокат дар бозори Маскав шаҳрвандони Озарбойҷон мебошанд. Вале дар ин ҳодиса шаш шаҳрванди Тоҷикистон низ ба ҳалокат расиданд.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, ки ҷасадҳои чор зан ва ду навраси дугоник рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Ба гуфти номбурда дар шифохонаҳои пойтахти Русия шаш шаҳрванди осебдидаи Тоҷикистон муолиҷа мешаванд. Аслан ҳангоми фурӯрезии боми бозор 11 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардошта буданд.Баъди муоинаи табибон 5 нафари онҳо шифохонаро тарк намуданд.
XS
SM
MD
LG