Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти зукоми мурғӣ дар Аврупо тавсеа меёбад


Рӯзи якшанбе Швейтсария тасдиқ кард, ки дар ин кишвар зукоми парранда ташхис шудааст. Дар маркази шаҳри Женева ҷасади ӯрдак ёфт шуд, ки аз зукоми мурғӣ ба ҳалокат расида буд. То ҳанӯз маълум нест, ки дар ҷисми ин ӯрдак ангезаи одамкуши навъи H5N1 сироят карда буд ё не?
Дар Романия шахсе бо нишонаҳои зукоми мурғӣ ба шифохона интиқол ёфт, вале муоинаи ибтидоӣ ҳузури ангезаи зукоми мурғӣ дар тани ин шахсро собит накард. Табибони романӣ муоинаи ӯро идома медиҳанд.
Дар баъзе ноҳияҳои Гурҷистон, ки бо сирояти зукоми мурғӣ мувоҷеҳ шудаанд, президенти ин кишвар Михеил Саакашвилӣ вазъи фавқулодда эълон кард.
Мансабдорони Полша ё худ Лаҳистон мегӯянд, ки онҳо муқовимат ба сирояти зукоми мурғиро тамрин мекунанд. Дар Олмон дар минтақаҳои назди марзи Олмону Полша сирояти зукоми мурғӣ ташхис шуд.
Дар саросари олам аз зукоми мурғӣ беш аз 90 нафар ба ҳалокат расидааст. Аксари онҳоро паррандаҳои бемор мубталои зукоми мурғӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG