Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни фоҷиаи Басманная дақиқ шуд


Бар асари фурӯ рехтани боми бозори Басманная шаш тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Юрий Лужков - мири Маскав изҳор намуд, ки ҳувияти ҳама қурбониёни ин фоҷиа рушан шудааст. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи шаҳрдори пойтахти Русия, ин фоҷиа мунҷар ба ҳалокати 65 нафар шудааст, ки бештари онҳо - 45 нафар шаҳрвандони Озарбойҷонанд. Ҳамчунин 8 сокини Гурҷистон, шаш тоҷикистонӣ, се шаҳрванди Узбакистон ва се сокини Русия ба ҳалокат расидаанд. Зимнан, бархе аз хабаргузориҳои Русия чун пештара теъдоди шаҳрвандони қурбоншудаи Тоҷикистонро панҷ нафар мегӯянд.
Рӯзи шанбе аз миёни харобаҳо ҷасади як зан берун карда шуд. Юрий Лужков ба хабарнигорон гуфт, ки дигар зери харобаҳои бозор ягон ҷасад боқӣ намондааст. Таҳхонаи бозор низ пурра пажуҳиш шуд ва ҳама қурбониён аз он ҷо берун карда шудаанд.
Айни ҳол 20 нафар, ки бар асари фурурезии боми бозори Басманная ҷароҳат бардоштанд, таҳти назари табибон қарор доранд. Вазъи се нафари онҳо сангин арзёбӣ мешавад.
Дар робита ба фоҷиаи субҳи рӯзи 23 феврал раиси бозори Басманная боздошт шудааст. Анатолий Зуев, додситони шаҳри Маскав гуфт, ки раиси бозор Марк Мешииев "дар ҳалокати одамон бар асари беэҳтиётӣ" гумонбар мешавад.
XS
SM
MD
LG