Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фурӯши алюминиум ва коҳиши замини кишти пахта


Иттиҳодияи байналмилалии рушд, як ниҳоди молии марбут ба гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ бо давлати Тоҷикистон ду созишномаи нави ҳамкорӣ имзо кард. Қарордоди аввал 17,2 миллион доллар арзиш дошта, муштаракан бо ожонсиҳои рушди Суиду Суис махсуси беҳбуди риштаи тибби Тоҷикистон аст. Созишномаи дуввум иборат аз 15 миллион доллар барои ислоҳи зербинои хадамоти шаҳрӣ масраф хоҳад шуд.

"Эйрбас", ширкати ҳавопаймосозии Аврупо дар пайи се соли музокирот дар бораи фурӯхтани 43 ҳавопаймо ба кишвари Ҳинд тавофуқ кардааст. Маблағи ин қарордод дувуним миллион доллар ҳисоб шудааст. Қарор аст, ин 43 ҳавопаймои аврупоӣ ба ширкати "Индиан", "Индиан Эйрлайнз"-и собиқ, ки асосан дар масирҳои ҳавоии дохили Ҳиндустон парвоз анҷом медиҳад, дар тӯли 15 сол расонда шаванд.

Тоҷикистон дар моҳи январ ба хориҷ ҳудуди 33 000 тонна алюминиум фурӯхта, аз ин ҳисоб ҳафтодуҳафтуним миллион доллар ба даст овардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30 миллион доллар бештар аст. Ҳар тоннаи алюминиум ба ҳисоби миёна бо нархи 2360 доллар ба фурӯш рафтааст. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли ин ҳафта нархи алюминиум дар бозори байналмилалӣ сахт коҳиш ёфта, қимати як тоннаи он дар биржаи Ландан то 2 285 доллар пойин рафтааст.

Ширкати арабии "Дубай Портс Ворлд" мехоҳад 6 бандарро дар шаҳрҳои Ню-йорку Ню-Ҷерси, Филаделфияву Балтимор ва НюОрлину Майамии Амрико дар баҳои 6 миллиарду 800 миллион доллар харидорӣ кунад. Аммо бархе маҳофили амрикоӣ мухолифати худро ба ин қарордод изҳор дошта мегӯянд, ин амал Амрикоро дар муқобили хатари ҳамалоти террористӣ боз ҳам бештар осебпазир мегардонад. Аммо президенти Амрико Ҷорҷ Буш гуфта, ки ҳар навъ қонунеро, ки монеъи ин қарордод шавад, вето хоҳад гузошт.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз аз се ду ҳиссаи заминҳои кишти пахта шудгор шудаанд. Тоҷикистон имисол мехоҳад дар 251 000 гектар замин пахта бикорад, ки назар ба соли гузашта 38 000 гектар камтар аст. Нақшаи пахта ҳам ба ин тартиб имсол 60 000 тонна коҳиш ёфта, 550 000 тоннаро ташкил хоҳад дод. Тоҷикистон дар соли 2005-ум 448 000 тонна пахта ба даст оварда буд.

Ва бар асоси гузориши ширкати аудитории "Делойте", тими футболи "Реал"-и Мадрид тайи ду соли охир 323 миллион доллар фоида гирифта, тими инглисии "Манчестер Юнайтед"-ро аз мақоми аввали пурфоидатарин тимҳои футболи ҷаҳон танг кардааст. Се мақоми баъдии ин ҷадвали ширкати "Делойте"-ро тимҳои итолиёии "Милан"-у "Ювентус" ва "Челси", тими инглисии мутаалиқ ба бозаргони рус Роман Абрамович соҳиб шудаанд.
XS
SM
MD
LG