Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Пеха, оҳангсози чех


Ба Прага Владя аз Моравия, як минтақайи хеле гарму ороми Ҷумҳурии Чех омадааст, то шуғли шоиста пайдо намуда бо танзимгарони хуби садо ошно шавад ва фаъолиятҳои ҳунариашро сайқал бидиҳад. Дар ҷараёни эҷоди оҳанг ӯ аз бас, табл, гитор, ғижжак ва дигар асбобҳои ҷаз фаровон истифода мекунад. Ӯ мегӯяд:

"Мусиқӣ миллат надорад. Мусиқӣ як чизи умумӣ аст. Ман дар зиндагӣ аз мусиқии осиёиву ҳиндӣ илҳоми хеле зиёд бардоштаам, оҳангҳои мардумии чехӣ хубанд, аммо ман аз онҳо кам истифода мекунам. Мусиқӣ як ҷаҳони беинтиҳо аст ва ҳар ҷое, ки биравед, як чизи зеборо пайдо мекунед"

Владя, назари шумо ба муд дар мусиқӣ чӣ аст?

"Медонед, бадтарин чиз дар мусиқӣ пул аст. Албатта ҳунармандон одамони хубанд, аммо аксар вақт онҳо дунболи навоварӣ мешаванд, ки ҳадафи ниҳоиаш ба даст овардани даромад аст. Яъне ман гуфтаниям, ки ин бад нест, аммо хуб нест, ки як асари ҳунарӣ танҳо барои як сол эҷод шавад ва фардо аз ёдҳо биравад. Дар ҳунар ман ба мазмуни амиқ тарҷеҳ медиҳам, ба он чи ки эҳсосаш мекунам ва дар вуҷуди худ, дар зиндагиам онро дарк мекунам. Мусиқӣ сол надорад, бисёр мусиқиҳое ҳастанд, ки солҳо пеш эҷод шудаанд, аммо ман имрӯз ҳам шуниданашонро хеле дуст медорам"

Владя, барои овозхонони тоҷик таъсис додани як студияи хусусии сабти садо кори хеле сахт аст. Оё имкониятҳои ҳунармандони чех аз ин назар чӣ гуна аст?

"Танҳо барои оғози кор ба шумо як компютер ва як дастгоҳи танзими садо лозим аст. Яъне танҳо барои шурӯи кор ҳудудан ду-дуву ним ҳазор доллари амрикойӣ лозим аст. Ва бо гузашти вақт барои он ки шумо як студияи касбии сабти садову нашри таронаву оҳангҳоро дошта бошед, куллан ним миллион крони чехӣ, муодил бо 250 ҳазор доллари амрикойӣ масраф мекунед. Ман ҳама корҳоро танҳо анҷом медиҳам, аммо агар кадом фармоиши бузургеро дарёфт кунам, он вақт 5-6 мутахассиси мусиқӣ, танзимгари садо, муҳандиси садо лозим мешавад"

Ба ин тартиб дар кишвари шумо чӣ теъдод студияҳои сабти садо фаъолият мекунанд?

"50 то 70 адад. Аммо студияҳои калонҳаҷми сабти садо се ё чаҳор адад мебошанд, мисли "Соно" ва ё "Смечки студио", ки имкони сабти оҳангҳои оркестрҳо ва ё мусиқии филмномаҳоро ҳам доранд. Студияҳои дигар нисбатан хурд ҳастанд, мисли студияи ман. Ва аммо мо баъзан ҳамкорӣ мекунем, чеҳраҳои ҳамдигарро надида баъзан тавассути Интернет кор мекунем"

Шумо метавонед барои мухлисони барномаи "Садои тоза" бархе ҳунармандону навозандагони чехро муаррифӣ кунед, ки тавассути онҳо мардуми Тоҷикистон битавонанд бо мусиқии хуби чехӣ ошно шаванд?

"Пеш аз ҳама мехоҳам Моника Начеваро муаррифӣ намоям. Ӯ овозхонест, ки дунболи саҳнаҳои бузург ва шоу-бизнес намегардад, балки дар клубҳои касбии мусиқӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Овозхони дигар Ева Турнова аст, ки ман бо ӯ ин рӯзҳо ҳамкорӣ мекунам. Ӯ бештар барои филмҳои бадейӣ оҳанг иҷро мекунад. Гуруҳи "Люцие" бо раҳбарии Дейвид Колар ҳам аз ҳунармандоне мебошад, ки корҳои хеле ҷолиби мусиқиро анҷом медиҳад"

Шумо пештар гуфтед, ки бахши иқтисодӣ ва ё сӯҳбатҳоро роҷеъ ба даромади молӣ дар кори худ чандон дӯст намедоред. Ба ҳар ҳол, даромади шумо аз кадом ҳисоб аст?

"Ман аз ҳисоби корҳои танзимгариву эҷоди оҳанг барои филму намоишномаҳо даромад ба даст меорам. Барои барномаҳои радиоӣ ҷингл ва ё пораҳои мусиқӣ таҳия мекунам, ҳарчанд дастмузди ман аз ин қабил корҳо на ҳамеша зиёд аст. Дар Ҷумҳурии Чех вобаста ба дойираи истифодаи оҳанг арзиши ҳунари шумо ҳам боло ё поин меравад. Масалан, агар шумо бо филмномаҳои хурди хусусӣ кор кунед, дар ин сурат набояд ба даромади зиёд умед бандед. Аммо боз ҳам, худоро шукр, ки ман дар Прага фаъолият мекунам ва аз ин хотир, ҳунармандони хеле зиёд ба ман барои эҷоди таронаҳои ба истилоҳ тиҷоратӣ муроҷиат мекунанд ва аз ин ҳисоб ман ҳама харҷи худро бароварда месозам, дастгоҳҳои нав харидорӣ намуда ба ҳунармандони ҳамкорам маош таъин мекунам"

Владя, вақте ман ба мусиқии чехӣ гуш медиҳам, баъзе шабоҳатҳоро бо вазъи мусиқии Тоҷикистон мушоҳида мекунам. Мусиқии чехӣ ва ё тоҷикиро, мутаассифона, дар дойираҳои васейи ҷаҳонӣ гӯш намекунанд, ғолибан ин мусиқӣ танҳо дар сатҳи минтақайӣ қобили қабул аст. Чӣ бояд кард, ки доираи пазириши ин мусиқиҳо васеътар шавад?

"Шумо бояд эътимод ба нафс дошта бошед, ба кори худ эътимоди комил дошта бошед. Шояд баъзеҳо дар атрофи шумо бигӯянд, ки ин мусиқӣ муваффақ нахоҳад шуд, аммо агар шумо дар ботини худ эҳсос дошта бошед, ки ин оҳанг комёб мешавад, ба пеш ҳаракат кунед! Масъалаи дигар - бояд ҳамеша меҳнат кард ва ба ин заҳмати худ эътимод дошт. Барои худ як қулларо муайян кунед ва ба сӯи он ҳаракат кунед. Вақте шумо ба мусиқӣ бовар мекунед, мусиқӣ ҳам ба шумо эътимод хоҳад кард"

Ташаккур, барои сӯҳбат.
XS
SM
MD
LG