Пайвандҳои дастрасӣ

Марги мудҳиш дар ғурбат


"Ҳодисаҳое ҳастанд, ки гуфтани онҳо сахт аст, вале нагуфтан ба маротиб сахттар." Бо ин ҷумла сар кардааст, журналисти шинохтаи тоҷик Додоҷони Атовулло мақолаи худро дар нашрияи "Газета", чопи Маскав. Ҷумлае ки хитобаи машҳур ва шоиронаи тоҷикиро ба ёд меорад, ки бигӯям, забонам сӯзад, нагӯям, ҷонам.
Ин нидоро муаллиф замоне зикр мекунад, ки аз сӯхтани 9 ҷавони тоҷик дар як анбораки чӯбӣ дар Долгопруднии Маскав мегӯяд. "Инҳо тоҷиконе буданд, ки дар ҷустуҷӯи пораи нон аз кишвари фақири худ рафтанд, пораи ноне ёфтанд ва марги пурдарде низ."
Муаллиф менависад, корфармоён муҳоҷирони тоҷикро баъд аз рӯзи дароз ва сангини кор дар чунин кулбаҳои нимдошти чӯбӣ қуфл мекунанд, то ки беҳуда ба кӯча набароянд ва ба дасти милиса наафтанд. Ва милиса ҳам гумон нахоҳад кард, ки дар паси дарҳои қуфлзада одамон ба сар мебаранд. Биноан вақте сӯхтор ба амал омад, касе аз мардикорон наҷот ёфта натавонист. Дар аз берун маҳкам буд. Андарун аз тоҷикон ҳашт кило устухони сӯхта боқӣ монд.
"Муҳоҷирон аз оташ онгуна наметарсанд, ки аз милиса." Дар бозори Черкиз милиса Искандар Саидовро онгуна латукӯб кард, ки тоб наовард ва ҷон дод.
Додоҷони Атовулло менависад, ки ҷасади ваҳшатангези ҷавони тоҷик ҳазорон ҳамватани ӯро такон дод. Онҳо хостанд, ба нишони эътироз як раҳпаймоии сукутомез барпо кунанд. Вале шабонгоҳ милиса ба хуфтгоҳи муҳоҷирон ҳамла кард ва 277 нафари онҳоро ба сармои қаҳратун ронд. Яке аз онҳо бо номи Нодир ба муаллиф гуфтааст: "Тамоми шаб моро бо либоси таҳ нигаҳ доштанд. Баъд аз ҳар кадом 500-рублӣ гирифта, сар доданд. Ҳафт километр пиёда то бозор омадем. Сармои сахт буд. Дар паҳлуи ман муаллими қишлоқамон қадам мезад, мегирист ва такрор мекард: "Чаро? Чаро?"

Дар поёни мақолаи худ дар нашрияи "Газета" (22-юми феврали соли 2006) Додоҷони Атовулло менависад, ки ҷомеаи Маскав ба ин рӯйдодҳо эътиборе надод. Ин ҳам дар ҳоле ки аҳли ин ҷомеа бо шӯру шааф ба кӯшиши манъ кардани раҳпаймоии ҳамҷинсбозон мухолифат мекунад ва ё латукӯби чанд шаҳрванди Русияро дар Лаҳистон ба боди танқиду эътироз гирифтааст ва батакрор аз арзишҳои башарию аврупоӣ ҷор мезанад. " Фоҷиаи тоҷикон (дар ин зимистон аз Маскав ва вилояти он 38 ҷасад ба Тоҷикистон фиристода шуд) ба дили касе асар накард. Оё ахлоқи аврупоӣ дар ин бора ба чӣ назар аст?"
Муаллиф мегӯяд, бисёриҳо фикр мекарданд, ин рӯйдодҳо сабаби сафари фавқулоддаи президенти Тоҷикистон ба Маскав мешавад, вале ӯ ба ин кор вақт надошт. "Ва эълони Соли тамаддуни ориёиву харҷи сармоя ба ин маърака дар баробари саргардонии беш аз як миллион нафар тоҷик дар ғурбат касеро ба ташвиш намеорад. Онҳо дар ватан одамони зиёдатӣ буданд ва дар ин ҷо низ."

Нишонии мақола бо забони русӣ: http://centrasia.org/newsA.php4?st=1140598680
XS
SM
MD
LG