Пайвандҳои дастрасӣ

Садде бо номи "муҷаввиз"


Кӯшиши якунимсолаи ин се радиову телевизиони Суғд пайи дарёфти муҷаввиз то кунун бенатиҷа анҷом ёфтааст. Таври маълум, то моҳи сентябри соли 2005 дар Тоҷикистон Низомномаи муқаррароти дарёфти муҷаввиз ҳанӯз аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ нашуда буд. Ба ин сабаб дархости радиову телевизионҳои мустақили навтаъсиси Суғд барои гирифтани муҷаввиз, аз сӯи мақоми салоҳиятноке баррасӣ нашуда, ба қавле дар байни замину осмон муаллақ монда буд. Маҳмудҷон Дадобоев, сарвари телевизиони навтаъсиси «Баҳри тоҷик» мегӯяд, баъди қабули Низомномаи додани муҷаввиз дар шаш моҳи қабл ва дар асоси он таъсис шудани комиссияи литсензионӣ дар назди кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон ва ахиран ба фаъолият пардохтани ин комиссия умедворияшро ба гирифтани муҷаввиз ба телевизионаш бештар кардааст.
Маҳмудҷон Дадобоев:
«Дар марҳилаи ҳозира мо охирин ҳуҷҷатро барои дарёфти муҷаввиз барои телевизиони «Баҳри тоҷик» ба комиссияи литсензиядиҳӣ супоридем. Аммо барои дарёфти муҷаввиз дар қонун талаботи дигар ҳам ҳаст , аз ҷумла, пешниҳоди рӯйхати кормандон ва аз аттестатсияи комиссияи литсензионӣ гузаштани ҳайати эҷодиву техникии телевизион. Агар мо ин марҳиларо ҳам бо муваффақият паси сар кунем, умедворам соҳиби литсензия хоҳем шуд.»

Маҳмудҷон Дадобоев, сарвари телевизиони навтаъсиси «Баҳри тоҷик» дар Қайроқум гуфт, бо кӯмаки комиссияи литсензионӣ марҳилаҳои дарёфти муҷаввизро қадам ба қадам паси сар мегузорад. «Баҳри тоҷик» телевизиони иттилоъотиву фароғатӣ буда, пахши намоиш ба сокинони шаҳри Қайроқум ва маҳалҳои маркази вилояти Суғдро дар назар гирифтааст.
Вале радиои мустақили «Вароруд», ба гуфтаи Илҳоми Ҷамолиён, сарвари Оҷонси иттилоъотии ҳамном дар шаҳри Хуҷанд, расонаи электронии иттилоъотӣ буда, дар заминаи ин оҷонс ду сол қабл таъсис ёфтаааст. Ӯ мегӯяд, то ҳол талоши дарёфти муҷаввиз дорад.
Илҳоми Ҷамолиён:
«Мо санадҳои зарурӣ барои гирифтани литсензияро ба комиссияи литсензионии назди кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон тақрибан яку ним сол пеш, моҳи октябри соли 2004 супурда будем. Дар ин байн муддати тӯлонӣ гузашт, ба сабаби қабул нашудани муқаррароти комиссияи литсензионӣ ва ҳайати ин комиссия баррасии кори мо низ хеле ба таъхир афтод. Аммо акнун баъди ҳалли ин мушкил ҳам мо ҳанӯз аз ҷониби комиссияи литсензионӣ ҷавобе ба дархости худ нагирифтаем. Умед дорем рӯзҳои наздик ҷавоб мегӯянд.»

Ба гуфтаи масъулини радиои навтъсиси «Садои Исфара», онҳо низ аз ҷониби комиссияи литсензиядиҳӣ ҳанӯз ҷавоби мушаххаси расмӣ нагирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи давлатии оид ба телевизион ва радиои Тоҷикистон, як узви масъули комиссияи литсензионӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир комиссияи литсензионӣ, иборат аз 13 нафар, ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи вай, се корманди масъули кумитаи мазкур низ ба ин комиссия шомиланд. Аммо ҷаноби Ҳикматов аз сӯҳбат дар мавриди «тақдир» - и дархости се радиову телевизиони мустақили Суғд барои гирифтани муҷаввиз худдорӣ варзид ва танҳо гуфт, ин масъала аз сӯи комиссия дар ҳоли ҳаллу фасл қарор дорад.
Ба ҳамин тариқ, дар ҳоле ки тахминан яку ним сол аз дархости се расонаи электронӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати гирифтани муҷаввиз сипарӣ мешавад, ҳанӯз ҳам рӯшан нест оё дархости онҳо дар кадом марҳилаи баррасӣ аз сӯи комиссияи литсензионӣ қарор дорад. Комисиссияи мазкур дар ин бора ҷавоби худро расман нагуфтааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG