Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмонов аз тарҳи меҳмонхонаи панҷситорадор


Дар ҳошияи мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо шоҳзода Аминхон, бародари Оғохони IV дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии тарҳи сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори SERENA баргузор гардид. Тибқи тарҳи пешниҳод намудаи меъморони Бунёди Оғохон қарор аст, меҳмонхонаи ёдшуда дар маҳалли собиқ корхонаи пойафзолбарории шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рудакӣ бунёд гардад. Зимни муаррифии тарҳи меҳмонхонаи оянда муаллифони тарҳ тавзеҳ доданд, ки бинои меҳмонхона аз рӯи нақша дар се бахш бояд бунёд гардад. Аз рӯи тарҳи пешниҳод намудаи коршиносони Бунёди Оғохон қисмати аввали меҳмонхона ду табақаӣ ва қисмати дуввум чаҳор табақаӣ сохта мешавад. Қисмати севвуми меҳмонхона, бар асоси тарҳ бояд нӯҳ табақаро дар бар гирад. Дар маросими муаррифии тарҳи сохтмони меҳмонхонаи SERENA зикр шуд, ки дар сурати таъйиди тарҳи матраҳ гашта, сохтмони он тобистони соли равон оғоз меёбад. Мутобиқи бароварди коршиносони Бунёди Оғохон ҳазинаи бунёди меҳмонхонаи мавриди назар 25 миллион долларро ташкил медиҳад ва ин маблағро Бунёди Оғохон пардохт менамояд. Аммо баъд аз шунидани тавзеҳи намояндагони бунёди мазкур дар ин замина раис ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз тарҳи сохтмони меҳмонхонаи оянда интиқод намуд ва гуфт, дар таҳияи он назари ҷониби Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст. Раис ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин аз маблағгузории кам ба меҳмонхонаи оянда изҳори норизоятӣ намуд ва афзуд, дар ин самт низ бояд таҷдиди назар сурат бигирад. Бад-ин тартиб, тарҳи муаррифишудаи сохтмони меҳмонхонаи SERENA тавассути раиси ҷумҳури Тоҷикистон пазируфта нашуд ва тавсия шуд, ки он барои такмилу таҷдид аз нав мавриди баррасӣ қарор гирад. Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли равон қарор аст, дар шаҳри Душанбе сохтмони ду бинои меҳмонхонаи замонавӣ, яке бо 450 ва дуввум бо 250 ҷой шуруъ гардад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG