Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ бо кӣ дар рақобат аст?


Рақобат ба назари ҷомеашиносон асли рушди ҳар ҷомеа ва кор дар арсаҳои мухталиф аст. Агар он созанда бошад. Вале агар рақобат носолим буд, паёмадаш ба ҳамон андозае, ки метавонад хуб бошад имкон дорад бад воқеъ шавад. Ба андешаи соҳибназарон ҷомеае, ки дар самти демократия роҳ мепаймояд, бидуни рақобат наметавонад вуҷуд дошта бошад. Аммо рақобат ва рақобатпазирӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон, ки аз низоми тоталитарӣ берун омадааст, ба як фарҳанги хос табдил нашудааст.
Рақобат ва нақши онро бо Қосимшоҳ Искандаров мудири маркази мутолеъоти низоҳои Тоҷикистон, нахуст дар мисоли рақобатҳои сиёсӣ дар кишвар баҳс мекунам. Ба андеши ӯ, рақобат навъе аз фарҳанги иҷтимоист, ки то дар ҷомеа расм нашавад, пешрафт номумкин хоҳад буд. Аммо то кунун дар ҷомеаи Тоҷикистон рақобат ба унвони як гунаи душманӣ пиндошта мешавад. Ба ақидаи Искандаров, як иллати шиддат гирифтани авзои дохилӣ дар Тоҷикистон дар ибтидои истиқлол аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлат напазируфтани асли рақобат буд. Таҷрибаи он ки дар замони коммунистӣ андеша яке буд, андешаи ҳизби ҳоким, ки алтернатива надошт ва пешниҳоди алтернатива ба фикри ҳоким на кам на беш ҷиноят дониста мешуд. Вале замоне, ки Тоҷикистон усули демократия ва гуногунии ақидаро пазируфт, мебоист ба он усул амал мекард. Аммо аз як сӯ имкони амалӣ шудани усули рақобатҳои сиёсӣ нишон дода нашуда буд, аз ҷониби дигар роҳбарон, ки аз батни низоми коммунистӣ берун шуда буданд, ба ин усул муқовимат нишон медоданд. Доктор Искандаров мегӯяд то кунун низ камокон чунин аст ва рақобатҳо дар ҳамаи сутуҳ ё вуҷуд надорад ва ё таҳти назари давлат аст. Ба ақидаи доктор Искандаров ишкол дар ҷаҳонбинӣ ва равони мақомоти роҳбарист.
Аммо вазъи рақобат дар тиҷорат ва соҳибкори чӣ ранг дорад. Искандаров муътақид аст, ки дар ин бахш авзоъ ба гунаи беҳтаре арзёбӣ мешавад ва бештар хушҳолкунанда аст. Аммо боз ҳам, асосан дар сатҳи поёнӣ, зеро дар сатҳи боло назорати давлат ва маҳофили наздик ба давлат онгуна қавӣ ва фасодзада аст, ки ҷое барои рақобат боқӣ намегузорад.
Дар омади гап, рақобат дар миёни ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон ахиран ба сурати рушан эҳсос мешавад ва яке назар ба дигаре мехоҳад бештар ва хубтар хадамот ироа кунад. Бар асари ин рақобат буд, ки Тоҷикистон тайи ду соли охир дар миёни кишварҳои шуравии собиқ дар ин соҳа яке аз ҷойҳои аввалро дорад. Ҳатто дар Русия то 80 дарсад истгоҳҳо рақамӣ шудаасту дар Тоҷикистон ин масъала 100 % ҳалли худро пайдо кард. Вале ахиран Вазорати мухобирот зимни номае аз давлат хостааст, ки маркази муштараки истифода аз моҳвора барои ҳамаи ширкатҳо таҳти назари вазорати мазкур таъсис шавад ва ширкатҳо ба сурати мустақим ҳаққи дастрасӣ ба моҳвораро надошта бошанд. Ин пешниҳодро ширкатҳои мобилӣ ва ҳатто Оҷонсии зидди монополӣ хилофи бозори озод ва рақобати солим донистаанд.
Дар ҳамин ҳол Толибшоҳ Сайидов мудири масъули нашрияи «Бомдод» мегӯяд дар саҳнаи матбуот аз нигоҳи зеҳнӣ ва касбӣ як навъи рақобат миёни рӯзномаҳо ба тадриҷ эҳсос мешавад. Рақобате, ки то як соли пеш бисёр камранг буд.

Аммо аз нигоҳи дигар дар имкони чоп ва дастрасӣ ба манобеи хабарӣ бархе нашрияҳо мушукил доранд. Зеро давлат шароити рақобати солим ва созандаро фароҳам накардааст. Ин боз ҳам ба ҳамон тафаккури роҳбарони аз батни низоми коммунистӣ ба дар омада бар мегардад, ки ҳар назари мухолифи назари худро навъе душманӣ ба шахси худ мепиндоранд.
Вале Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, ба ҳар ҳол сулҳи Тоҷикистон як гуна рақобатпазирӣ дар миёни гурӯҳҳо дар ҷомеаи Тоҷикистонро рӯнамо кард, аммо ин таҳамулпазирӣ бо ичрои шароити созишномаи сулҳ дубора камранг шуд.
XS
SM
MD
LG