Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дарди маҳалгароӣ чӣ табобате дорад?


Ассалом.
Ман на олимам ва на cиёсатмадор. Як духтари деҳотии мусулмон дар Вахшонзаминам ва ба иддае аз ҳамсоягону ҳамдеҳагон Қурон ва хатту саводи форсӣ меомӯзонам.
Ба мақолаи устод Турсонзод ду эрод дорам, яке дар бахши таҳқиқот ва дигаре дар бахши пешниҳодҳо.
Эшон гӯё ҳама чизро дар бораи омилҳои маҳалгароӣ гуфтанд, аммо муҳимтарин чизро фаромӯш кардаанд (ё аниқтараш "фаромӯш") кардаанд. Охир, чаро намегӯем, ки ҳукумати ҳафотодсолаи хуҷандиҳо омили аслии густариши маҳалгароӣ буд???
Онҳо ҳатто ба дурдасттарин ноҳияҳои ҷануб (Шаҳритус, Қубодиён, Панҷ, Қумсангир...) раҳбаронро аз Шимол мефиристоданд. Дар донишгоҳҳо ҷое барои бачаҳои ҷануб набуд. Кош ҳамон замон Акбари Турсунзод "бонги изтироб" мезаданд. Имрӯз ки ҳукумат дар дасти дигарон аст, ин ҷанобон бо истифода аз ин мавзӯъ, яъне маҳалгароӣ, ба ҳукумати кӯлобиён зарба заданиянд.
Бубахшед, вале ман инро ҳамин хел мефаҳмам, агарчи худам кӯлобӣ нестам ва ранҷ дидаам.
Магар маҳалгароӣ имрӯз падид омад? Имрӯз фақат каме шиддат ёфт. Аммо заминаи аслӣ дар гузашта шакл гирифтааст.
Дигар дар бораи пешниҳодҳои А. Турсонзод.
Илтимос, дигар ин гапро назанед, ки бояд президент бо навбат аз ҳар вилоят шавад. Охир ин бозгашт ба ҷомеаи ибтидоист. Бигзор уламои мӯҳтарам майна об кунанд ва роҳи усулитару маданитари ҳалли мушкилро пайдо кунанд.
Худо ёратон бод.
Бӯстон
-------------------------------------
Ман ҳар рӯз ин сомонаро мехонам ва намехостам, дар мавзӯи маҳалгароӣ чизе бигӯям.
Ман зодаи Кӯлоб ҳастам ва ҳоло дар хориҷи кишвар таҳсил мекунам. Дар бисёре аз маҳфилу шабнишиниҳо дар бораи кӯлобиҳо суханони бад мешунавам. Одамон ҳарчи мехоҳанд, мегӯянд. Мисли ин ки кӯлобиҳо бесавод, бемаданият, беахолқу бетарбия ҳастанд. Ман, шукри худо, ки бо ахлоқи неки худ нишон додам, ки ин суханон дуруст нестанд. Илова ба ин мегӯянд, ки кӯлобиҳо дар давраи ҷанги Тоҷикистон ҳамаро ба қатл расонданд. Мебахшед, дар он замон агар касеро ки мепурсидӣ. худро кӯлобӣ мегуфт ва аҷаб он аст, ки агар кори хуб кунанд, кӯлобӣ нею агар аз касе бадӣ сар занад, зуд маҳали ӯро ба ёд меоранд. Ман бисёри ин воқеаҳоро медонам ва мушоҳида кардаам. Мо тоҷик ҳастем ва бо Тоҷикистон зиндаем ва бо Тоҷикистон фахр мекунем. Дар дили мо маҳалчигӣ вуҷуд надорад. Кадом инсоне ки ватани худро дӯст медорад ман ҳам онро дӯст медорам. Барои ман тамоми порчаҳои Тоҷикистон порчаҳои дилу ҷони мананд. Ҷони ман фидои Тоҷикистон бошад.
Шумо мумкин ба ин фикрҳои ман розӣ нашавед, локин ин ҳақиқат аст.
Дар амони худованд бошед.
Ҷовидон Бобоев
----------------------------------------
Дуруди бепоён хонандаи азиз,
аз он ҷо, ки баҳс дар бораи решакан кардани маҳлгароӣ дар Ватанамон-Тоҷикистон аст, ман ҳамаи он назарияҳои ҷавонони миллатдустро хондам ва ва худро муваззаф донистам, ки назари худро баён кунам. Пеш аз он, ки мо дунболи роҳи ҳали он бошем, мо бояд бар ин нукта бипардозем, ки ин мушкил аз куҷо ва ба чӣ сабаб домангири миллати тоҷик шудааст:
1. Бесаводӣ...
2. Ҷанги бародаркушӣ (дохилӣ)
3. Душман...

1. Вақте ки дар як ҷомеъа мушкил пеш меояд, мисли маҳалгароии мо, сабаби асосии он бесаводӣ мебошад. Пас, аввал мо бояд бесаводиро решакан кунем. Чаро? Агар дар ҷомеъа бесаводӣ бошад, решакан кардани он амрест маҳол. Ман бо ин назар мувофиқ нестам, ки дусти мо аз Лаҳистон фармудаанд, ки маҳалгароӣ сабабаш бесаводӣ нест ва гуфтаанд, ки ҳамон босаводон буданд, ки маҳалгароӣ ба вуҷуд оварданд ва мардуми деҳқон ба ин мувофиқ набуданд. Пас сабабаш чӣ буд, ки ҳамон мардуми деҳқоне, ки гуфтед, ҷанги бародаркуширо шуруъ карданд? Бесаводӣ буд, ки худхоҳӣ ба вуҷуд омад, бесаводӣ буд, ки мансабҷуӣ ба вуҷуд омад ва дар поён бесаводӣ буд, ки ҷанги бародаркушӣ ба вуҷуд омад.
2. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҷанг чист. Аммо барои мо ҷанги бародаркушӣ маълум нест. Агар ҷанг бо миллати дигар бошад, дуруст аст, ки сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ поин меояд, аммо ҳисси миллатдустӣ ва Ватанпарастӣ тақвият меёбад. Аз он ҷо, ки баҳси мо дар бораи решакан кардани маҳлгароист, ман ин мисолро овардам. Агар вақте, ки мо ҳама муттаҳид бошем, Ватанамонро дуст дорем, даст ба дасти ҳамдигар диҳем, он ҳама мушкилотеро, ки дар боло зикр кардам, метавонем решакан кунем. Аммо ҷанги дохилӣ чунин нест, дуруст баръакс аст.
3. Шубҳае нест, ки ҳама миллат як душман дорад. Пас шаке нест, ки миллати мо ҳам душмане надошта бошад, ки дар ин ҳама мушкилиҳо даст надошта бошад. Душманӣ аз берун ба воситаи чандто ватанфурушон ин балоро ба сари миллати тоҷик оварданд. Ин масъала исбот шудааст, ки як инсони бесаводро назди ду равоншинос бигзорем, дар навбати аввал ба он роҳе меравад, ки аввалӣ гуфтааст. Ва баъд ба роҳи дуввумӣ меравад. Дар воқеъ ба ҳар ду роҳ меравад, фарқ намекунад, ки ин роҳҳо хуб бошад ё бад. Меравад, чун бесавод аст. Инсоне, ки савод надорад, қудрати ташхис ҳам надорад. Мисли як инсони куре ҳаст, ки ба ҳар тарафе, ки гуянд меравад. Дар воқеъ душмани мо қудрати ташхиси моро аз байн бурд, яъне чашмҳои моро кур кард ва ба ҳар тарафе, ки хост, мо ҳам рафтем ва ин буд, беҳтарин роҳе, ки душмани мо метавонист ба ҳадафаш расад. Роҳи ҳалли дигар он аст ва беҳтарин ҳам ҳаст, яъне ин аст, ки так-таки шаҳрвандони тоҷик бояд дар вуҷуди худ "инқилобе" бо номи "миллатгароӣ" на маҳалгарӣ барпо кунанд. Вақте, ки мо "инқилобҳои" дар ҷаҳон ба вуҷуд омадаро мутолеъа мекунем, мебинем, ки як руз, он миллат дар вуҷуди худ, "инқилобе" ба номи миллатдустӣ ва ватанпарастӣ барпо кардааст ва ба мақсади худ расидааст. Тоҷикистони мо ниёз ба кадрҳои ҷомеъашинос ва равоншиноси бомаҳорат дорад. Ман, шумо хонандаи гиромӣ, ҳукумати Тоҷикистон, радиои Озодӣ ва дигар ҳамватаноне, ки ин масъаларо дарк мекунанд, масъул ҳастем, то ин "инқилобро" дар вуҷуди так-таки ҳамватанони худ парвариш диҳем. Аз тариқи расонаҳо, телевизион, интернет, баромадҳо, радио ва ғайра ба гуши миллати хуфтаи тоҷик расонем ва дар поён сипосгузорем аз радиои Озодӣ ва кормандонаш барои ин, ки ин навиштаҳои ночизи моро арзиш дода ва чоп мекунад.

Толиб Мирзоев
_________________________________
Бо арзи салом,
Ман чунин фикр мекунам, ки проблемаи асосии маҳалгароӣ дар Тоҷикистони мо ин вуҷуд надоштан ва ё худ суст будани муносибатҳои иқтисодӣ ва пулӣ ё молӣ байни минтақаҳои кишвар мебошад.
Дар даврони шӯравӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ ташкил мешуданд, аз қабили рӯзҳои фарҳангии вилояти Бадахшон дар Душанбе ва ё худ рӯзҳои вилояти Суғд, он давра Ленинобод дар Хатлон. Ин маъракаҳо албатта як такон барои ба ҳамдигар пайваст кардани минтақаҳои кишвар буданд, вале онҳо басанда набуданд.
Бо кушодани роҳҳо, оғоз шудани савдо байни минтақаҳои дуруфтодаи кишвар бо марказ, гоми муҳим дар роҳ ба сӯи решакан кардани ин падидаи носолими ҷамъиятӣ бардошта хохад шуд. Минтақахои дуруфтода бояд боз шаванд, ба бозорҳои дохилӣ роҳ ёбанд, аз муҳосираи ҷуғрофиёӣ ва иқтисодӣ бароянд.
Бо эҳтиром Мақсад
---------------------------------------
Дӯстони азиз,
Ба назари ман барои шифо додан ба ин дарди кушандаи миллат, бояд вилоятҳои Тоҷикистон ҳамчун воҳиди маъмурӣ барҳам дода шуда, ба ҳукумати ноҳияҳо ва нақши ноҳияҳо дар ҳаёти мамлакат аҳамияти бештар дода шавад. Дар ноҳияҳо ба ҳам омехтани мардум ва наздик кардани онҳо осонтар аст, назар ба ин ки дар вилоятҳо. Вилоятҳо худ як тақсимоти маҳалгароёна мебошанд.
Гулнора
---------------------------------------
Ассалом, хонандагони азиз.
Ба ақидаи ман яке аз чораҳои беҳтарини зидди маҳалгароӣ ин ягонагии миллист. Ягонагии миллӣ дар ҳолате ба даст омада метавонад, ки ҳадафи ягона вуҷуд дошта бошад ва ё душмани беруна.
Мо бояд ба нағзӣ эҳсос кунем, ки дар берун душман дорем ва рақобат шадид аст. Дар дохил низ шояд мунофиқон пайдо шаванд, вале мо дар берун душмане дорем, ки агар тавонад, моро дар як пиёла об ғарқ мекунад.
Сиёсати мо бояд беҳбуди тоҷикони хориҷӣ, баланд кардани симои тоҷикон дар ҷаҳон ва таъсир расондан ба умури байнулмилал аст. Худоё, ба мо ақле бидеҳ, идрок кунем, ки мо гирифтори бӯҳрони иҷтимоӣ ҳастем, на иқтисодӣ. Мо аз ҳувият ва фарҳанги хеш дур шудаем ва аз беҳувиятию хешнобоварӣ ба миллатҳои дигар аз поён ба боло менигарем ва барои зулму истибдоди онҳо замина фароҳам меорем.
Дипимпакт
---------------------------------------
Ба номаи ҳамватани азиз Сайф эрод дорам. Аввалан, ҳукми қатл дар Тоҷикистон бекор шудааст ва вуҷуд надорад. Аммо ба андешаи асосии Сайф розӣ ҳастам, ки бояд ба чунин афрод ҷазо дода шавад. Аммо чӣ гуна?
Ба фикри шахсии ман, ин ҷазо бояд бештар маънавӣ бошад. Бояд матбуоти кишвар ва аз ҷумлаи радиои шумо ҳам, ҳар моҳ рӯйихати афродеро нашр кунад, ки дар амали онҳо ба маҳалгароӣ роҳ дода шудааст. Ва ҷомеа, алалақал, ҷомеаи дилпокону рӯшандилону рӯшанфикрон ба чунин афрод ҳама гуена муносибатро комилан қатъ кунанд.
Мӯҳсин
______________________
Дуруд нисори ҳаммеҳан!
Ҷои диранге нест, ки мо дар замонае зиндагӣ мекунем, ки суханбозӣ дигар маъное набояд дошта бошад. Мурод аз ин гуфта ин аст, ки чӣ гуна касе бемор шавад, назди пизишк равад ва ҳамвора пизишке ҳам корсоз, ки маҳорати лозимро доро бошад. Барои мо низ ҷомеашиносу равоншинос, иқтисоддону ҳуқуқшинос, пизишку омӯзгор ва ғайраи моҳиру аз илми худ бохабар лозим аст, то даст ба дасти ҳам бидиҳанд ва худро дар баробари ин ҳама сарсахтиҳо масъул бидонанд. Монанди хоҷае набошем, ки ба гумони ҳаҷ ба Туркистон меравад, балки бо пажӯҳишу нуктасанҷӣ аз пайи давои ин дардҳои озоранда бошем. Кофист, ҳар кас вазифаи худро хуб анҷом диҳад. Аз осмонҳои хаёлот ба замини воқеъият бояд баргашт. Имрӯз бояд бипазирем, ки хеле ба мутахассисони навин ва бо огоҳии рӯз ниёзмандем. Аз пирӯзии дигарон роҳкоре бигирем, монанди он роҳе ки олмониҳо паймуданд. Эҷоди ин ангеза, ки "Олмон хонаи мост." Меҳри меҳан то дар дилҳо нақш набандад, шиорро ба амал напайвандад, камарҳои ҳиммат то ба коре баста набошад, сазост, ки дар чунин мурдобе (ботлоқе) ба доми марг кашида шавем. "Прагматизм", яъне амалгароӣ роҳкори шоистатарин барои ин мардуми гирифтори сухани мост!
Азиз
________________
Бале! Ин маразро ҳатман нест кардан лозим аст. Дар сатҳи ҳукумат қароре баровардан лозим аст, ки тибқи ин қарор касоне, ки дар амалашон ин аломат зуҳур ёбад, ба ҷазои сахттарин ва ё ҳукми қатл пешниҳод карда шаванд.
Сайф
_____________________
Маҳалгароӣ бад аст! Ҳамин.
Ваданасос
_____________________
Дуруди бепоён ба миллати тоҷик!
Ҳар дардро аввал бояд решаҷӯӣ кард, ки аз куҷо сар задааст. Он гоҳ метавон роҳи шифои онро ёфт. Дар мавриди маҳалгароӣ, аҷоиб он аст, ки тоҷикон мардуми сулҳдӯстанд ва таърихан қавмҳои гуногунро ба канори худ роҳ дода, ҳамроҳ зистаанд. Ҳатто аз ин хислати хеш зарар ҳам кашиданд, ки намунааш Бухоро ва Самарқанди аздастрафта мебошанд.
Акнун савол: Чи гуна қавме ки ба дигарон усули ҳамзистии осоиштаро омӯзонд, худ байни худ аз нафрат кор гирифт ва натиҷаашро ҳам дидем.
Як сабаб ин буд, ки дар замони Сталин беҳтарин рӯшанфикрони тоҷик саросар кушта ва ё ба Сибир бадарға шуданд.
Ба фикри ман, таърихи замони шӯравӣ дар ин бобат хеле меросе гузошт. Масалан, ҳукумат дар даврони шӯравӣ дар дасти шимолиён ва ба кӯҳистониён беэътино буд ва адлро риоят намекард ва онҳоро ба мақомҳои баланд роҳ намедод. Дар ҷануби кишвар корхонаҳо намесохт. Дар натиҷа шимолиҳо бо ҳар роҳ хостанд қудратро дар дасти худ нигаҳ доранд ва барои ин ҳар корро анҷом медоданд. Онҳо мардуми вилояти Хатлонро дар фақр нигоҳ доштанд. Масалан, дар 70 сол дар Кӯлоб як корхонаи саноатӣ сохта нашуд, аммо танҳо дар Исфара чӣ қадар корхона вуҷуд дорад.
Ман аз вазъи феълӣ ҳам норозиям. Ба назарам, чунин мерасад, ки касе ба фикри ислоҳи вазъи куллӣ нест. Ҳеҷ кас ончиро ки маълуму намоён аст, баррасӣ намекунад.
Ман мехоҳам, ки як саршуморӣ шавад, ки чанд дарсади мансабҳо дар кадом гурӯҳанд. Он гоҳ фарқи байни замони шӯравӣ ва имрӯзи Тоҷикистон рӯшан хоҳад шуд.
Бо эҳтиром Салим аз Тоҷикистон.
---------------------------------------
Салом ба ҳама ҳаммеҳанони азиз.
Марази маҳалгароӣ саратонест, ки дар ҷисми миллати тоҷик ҷо гирифтааст ва милати моро ба табоҳӣ мекашад. Аммо ин як амри воқеъӣ аст ва бояд барои решакан кардани ин саратони сиёҳ воқеъӣ буду дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар сатҳи ҳукуматӣ, дар сатҳи фарҳангистонҳо ва мактабу донишгоҳҳо амал кард. Аз воқеият чашм пӯшидан номумкин аст. Роҳҳо барои аз байн бурдани ин мараз пеш аз ҳама барномаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ, ҷо ба ҷо гузориии кадрҳо аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон дар вазоифи ҳукуматӣ, ки холӣ аз маҳаллу минтақа бошад. Бо умеди фардои дурахшон барои миллати азизам ва меҳани гуҳарборам - Тоҷикистон.
Ташаккур.
Фарорудӣ
--------------------------------------
Шахсан ман ба гуфтаҳои Фирдавс розӣ нестам. Гап дар сари савод нест. Ҳатто баръакс, асосан одамони босавод маҳалчӣ ҳастанд. Деҳқонони оддӣ ин хислати пастро надоранд.
Саломат бошед.
Ашур Назарзода, Лаҳистон
-------------------------------------------------------

Ассалому алайкум ҳамватанони гиромӣ! Мо низ ба ин райъ мувофиқ ҳастем.
Ҳалим Шариф
-------------------------------------------------------

Салом ба он ҷавонмардоне, ки омода ҳастанд табиби ин мараз бошанд, ба вижа ташаккур ба донишманди машҳури миллатсоз АкбарТурсун, ки чунин ҷумларо ба Майдони баҳс ворид намудаанд.
Ман ба тамоми донишмандони миллатсоз муроҷиат карда гуфтаниам, ки ҳар чи тезтар барномаи куллии табобатӣ омода шавад.
Бурдбориҳо ба ҳамаи донишмандони миллатсози миллати Тоҷик.
Шодибой
-------------------------------------------------------------

Маҳалгароӣ маразест, ки тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифта аст. Имрӯз "донишмандон" --и тоҷик низ мубталои ин беморианд. Барои рафъи ин беморӣ лозим аст, ки сатҳи худшиносии мардумро баланд бардошт. Барномаи куллии табобатӣ танҳо саводнок намуди ҳамаи қишрҳои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон аст.
Фирдавс
XS
SM
MD
LG